Нахустин ҷаласаи Шӯрои нозирони Фонди дастгирии соҳибкорӣ
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дирӯз, 17 июн дар ҷаласаи якуми Шўрои нозирони Фонди дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.Шўрои нозирон аз 7 аъзо иборат буда, ба он муовинони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти зидди инҳисорӣ ва раиси Ассосиатсияи бонкдорони Тоҷикистон шомиланд.Ба кори ҷаласа раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шўрои нозирони Фонди дастгирии соҳибкорӣ Давлаталӣ Саидов оғоз бахшида, зикр намуд, ки бо мақсади рушди соҳибкорӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми феврали соли 2013 №34 дар назди Кумита Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” таъсис дода шуд.Ҳадаф аз таъсиси Фонди мазкур ба роҳ мондани дастгирии воқеии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар корҳои созандагию бунёдкорӣ, дар самти пешниҳод намудани қарзҳои хурду миёна бо фоизҳои муносиб, инчунин таъмини рақобатнокии низоми қарздиҳии бонкӣ буда, дар ин замина ҳарсола аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағҳои муайян дар қонунгузорӣ пешбинӣ шуда, ба ин васила ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад.Барои таъсис додани Фонди мазкур дар буҷети давлатии соли 2013-ум 5 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин, маблағҳои баргардонидашудаи қарзе, ки дар ҳаҷми 28 млн. сомонӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба Кумита барои дастгирии соҳибкорӣ ҷудо гардидааст, пурра ба Фонди мазкур ҳамчун маблағҳои гардишӣ гузаронид ашуда, дар солҳои оянда маблағгузории он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ то 100 млн. сомонӣ расонида мешавад.«Дар ин замина, моро зарур аст, ки вобаста ба самаранок истифодабарии маблағҳои ҷудогардида, фаъолияти шаффофи Фонд ва пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзнок ба ташаббусҳои созандаи соҳибкорон мусоидати ҳамаҷониба намоем», — тазаккур дод. Д. Саидов.Аъзои Шўро ҳамзамон Низомнома ва Дастурамал “Дар бораи истифодаи маблағҳои Фонд вобаста ба самтҳо ва барномаҳои давлатии соҳибкорӣ” ва омӯзиши лоиҳаҳои Нақшаҳои-тиҷоратӣ, ки аз ҷониби соҳибкорон барои дарёфти қарз ба Фонд ворид гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






