Нахустин муҳокимаи ошкорои парлумонӣ оид ба иҷрои буҷети маҳаллӣ

Июнь 11, 2013 14:30

Душанбе, 11 июн.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- “Алҳол дар шаҳри Ваҳдат 8 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи 56,2 миллион сомонӣ ё 12,5 миллион $-и амрикоӣ амалӣ гардида истодааст, ки аз он 42,3 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст” гуфт зимни муҳокимаи ошкорои парлумонӣ «Дар бораи иҷрои Буҷети маҳаллӣ дар шаҳри Ваҳдат дар 4 моҳи соли 2013»Убайдулло Давлатов –раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ. Инҳо Лоиҳаҳои Рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ), роҳи автомобилгарди Душанбе — сарҳади Қирғизистон (Бонки Осиёгии Рушд) таҷдиди маориф (Бонки ҷаҳонӣ), барқарорсозии системаи ирригатсионӣ (Бонки ҷаҳонӣ), кам кардани талафоти энергия (бахши газ), рушди деҳот, сохтмон ва муҷаҳазгардонии мактабҳо — марҳилаи 2 (Фонди Саудии Рушд) ва Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ мебошанд. Ин лоиҳаҳои муштараки инвеститсионии давлатӣ пеш аз ҳама барои баланд бардоштани некӯаҳволии мардум, сохтмон ва муҷаҳазгардонии мактабҳо, таҷдиди роҳҳо, барқарорсозии системаи обёрӣ ва системаи кадарстрии замин барои устувории бахши кишоварзӣ ва рушди деҳот равона карда шудаанд. Мавриди зикр аст, ки ки ин аввалин муҳокимаи ошкорои парлумонӣ аст, ки дар он иҷрои буҷети маҳаллии яке аз ноҳияҳои сераҳолии ҷумҳурӣ -шаҳри Ваҳдат баррасӣ мегардад.

Июнь 11, 2013 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш