Намояндагони бахши кишоварзӣ гирдиҳам меоянд
Душанбе, 28 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Намояндагони бахши кишоварзии Тоҷикистонро Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) дар як барномаи омӯзишӣ, ки дар он роҳҳои нафъбардорӣ аз узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) ва посух ба чолишҳо матраҳ мегардад, имрӯз дар Душанбе гирдиҳам меорад. Намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳаи кишоварзӣ дар давраи омӯзишӣ қоидаҳои СТҶ дар бастагӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар ин замина, ҳамчунин, роҳҳои нафъбардорӣ аз узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ва посух ба чолишҳоро баррасӣ менамоянд. Давраи омӯзишӣ бо унвони «Дарёфти манфиати бештар аз узвият дар СТҶ – уҳдадориҳо ва озодсозиҳо дар соҳаи саноати кишоварзӣ» дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СТҶ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.Евгения Лаурентса, мушовири байналмилалии МТБ, иштирокдорони давраро бо муҳтавои умумии қоидаҳои асосии СТҶ дар иртибот ба соҳаи кишоварзӣ шинос мекунад. Ӯ, ҳамчунин, се асоси бунёдии қоидаҳои СТҶ дар мавриди тиҷорати кишоварзиро муаррифӣ хоҳад кард.Таваҷҷуҳи махсус дар ин давраи омӯзишӣ ба коҳишот дар таъруфаҳои кишоварзӣ дода хоҳад шуд, ки қабулашро ҷониби Тоҷикистон дар гуфтушунидҳо ба даст овардаву уҳдадориҳое ба дӯш гирифтааст. Дар ин маврид Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Мизробхон Деҳқонов, масъули ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ, гуфтушунидҳои СТҶ ва амнияти ғизоӣ дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гузориш хоҳанд дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






