Нашри «Таҷаллибахш»
Душанбе, 7 июн.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Китоби адиба Хиромони Неъматзода дар шакли драма таҳти унвони «Таҷаллибахш» дар нашриёти «Дурандеш» аз чоп баромад.Кинодрамаи Хиромони Неъматзода «Таҷаллибахш» ба масъалаи муҳими рӯзгори мо бахшида шудааст. Муаллиф тавассути саргузашти Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз сулҳу ваҳдат, некию бадӣ, меҳру садоқат, ватандорӣ ҳарф мезанад. Хонанда тавассути образи Эмомалии ҷавон, ки дорои хислатҳои ҳамидаи инсонист, ҳолатҳои ташаккули шахсияти бузурги таърихиро, ки таҷаллобахшандаи роҳи зиндагонии мардумон аст,дарк хоҳад кард.Баъдан воқеаҳои дигари асар дар байни 20-сол: аз оғози иҷлосияи шонздаҳум то ҷашни 20-солагии он мегузаранд. Дар кинодрама симои калонсолон, вакилони мардумӣ, деҳконҳо, ҷавонони ватандӯст, хусусан занону мардон равшан инъикос ёфтааст.Тахайюлоти муаллифро ҷо-ҷо порчаҳо аз наворҳои таърихӣ тақвият медиҳанд. Хиромони Неъматзода кӯшидааст, ки дастовардҳои азими халқи тоҷикро дар замони истиқлолият бо роҳбарии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишон диҳад. Саҳнаҳо мувофиқи мазмун ва ҷараёни воқеаҳо бо мусиқӣ ва суруд оро дода шудаанд. Қобили зикр аст, ки китоби мазкур бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расидааст.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






