НБО-и Қайроққум таҷдид мегардад
Душанбе, 26 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар оянда НБО-и Қайроқум таҷдид мегардад. Дар робита палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 25 июн Созишномаи грантӣ оид ба асосноккунии техникию иқтисодии НБО Қайроққум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ -ро ба тасвиб расонд. Рӯҳуллоҳ Ҳакимов -муовини вазири молияи кишвар зимни шарҳи масъалаи мазкур гуфт, ки 21 ноябри соли 2012 Созишномаи грантӣ кӯмаки техникӣ дар ҳаҷми 569, 3 ҳазор евро барои хизматрасонии машваратӣ ҷиҳати омода намудани асоснокунии техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии таҷдиди НБО Қайроққум байни Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР ба имзо расонида шуд. Айни замон марҳилаи аввали лоиҳаи кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд, ки маблағи 21 миллион евро -14 милион евро маблағи қарзӣ ва 7 миллион евро маблағҳои грантӣ пешбинӣ шудааст, амалӣ гардида истодааст. Баъди гузаронидани асоснокунии техникӣ -иқтисодӣ ва иҷтимоӣ -экологӣ таҷдиди НБО -и Қайроққум ҷалби маблағҳои Бонкҳои аврупоӣ дар ҳаҷми 45 миллион евро барои таҷдиди НБО Қайроққум дар назар дошта шудааст. Бояд тазаккур дод, ки НБО -и Қайроққум солҳои 1956-1957 бо иқтидори умумии 126 мВт ба кор дароварда шуда, дар зарфи 50 соли фаъолият таҷҳизоти нерӯгоҳ фарсуда гардидааст. Дар ин ҳол Сафаралӣ Гулов -муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия мегуяд созишномаи мазкур бо мақсади ташхиси техникӣ-иқтисодии НБО Қайроқум ба имзо расидааст. Ҳадафи лоиҳа беҳ намудани вазъи молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» аз ҳисоби кам намудани талафоти нерӯи барқ ва беҳтар намудани сифати барқи интиқолшаванда ба муштариён, кам гардидани садамаҳо дар шабақаҳои барқист.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






