Нигаронии КҲФ аз афзоиши ғарқшавӣ

Июнь 7, 2013 15:00

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши ҳолатҳои ғарқшавӣ нигарон аст.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар доданд, то имрӯз шумораи ғарқшудагон дар ҷумҳурӣ ба 20 нафар расидааст, ки ин ниҳоят ташвишовар аст. Соли гузашта мувофиқи маълумотҳо бар асари риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ 113 нафар ба ҳалокат расиданд. Бинобар ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки баланд шудани ҳарорати ҳаво ва оғози мавсими шиноварӣ дар дарёҳо, обанборҳо, каналҳо ва ҳавзҳо, ки ба таҳдиди эҳтимоли ғарқшавии шаҳрвандон оварда мерасонад, аз ҳамагон эхтиёткориро талаб менамояд. Манбаъ ба шаҳрвандон ва меҳмонони Тоҷикистон муроҷиат карда, хоҳиш ва тақозо дорад, ки барои ҳимояи ҳаёти худ ва наздикони хеш ҳангоми истироҳат ва шиноварӣ дар наздикии дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намуда ва аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараён худдорӣ кунанд.

Июнь 7, 2013 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш