Нигаронии шаҳрдор аз рафтори номатлуби ҷавонон

Июнь 4, 2013 16:11

Душанбе, 4 июн.(АМИТ Ховар, Марзия Саидова).- Шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз рафторҳои номатлубу ғайриахлоқии бархе аз ҷавонон дар марказҳои дилхушию фароғатии пойтахт, ки ба мушоҳида мерасанд, изҳори нигаронӣ намуд. Мавсуф дар ҷаласа ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дастури қатъӣ дод, ки дар доираи регламенти шаҳр фаъолияти муассисаҳои дилхушию фароғатиро зери назорати доимӣ қарор диҳанд. Инчунин дастур дода шуд. ки нисбат ба ноболиғон ва ҷавононе, ки шабонгоҳон оромии сокинони пойтахтро халалдор месозанд, чораҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар ин самт падару модарон низ ҷалб шаванд.Ҳамзамон дар ҷаласа риояи ҳолати санитарию экологӣ, бахусус дар гузаргоҳҳои зеризаминӣ, роҳандозии назорати санитарӣ баҳри таъмини амнияти истеъмолии сокинон дар иртибот ба фурӯши нӯшокиҳои ташнагишикан, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо сабзавоту меваҷоти тозаи ватанӣ, вусъати корҳои таъмиру сохтмон ва навсозии роҳҳои нақлиётӣ, вазъи хизматрасонии боғҳои фарҳангу фароғатӣ, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими расму оин ва дигар масъалаҳо матраҳ гаштанд. Дар фарҷом раиси шаҳр доир ба ҳалли масъалаҳои мазкур ба масъулини соҳаҳо ва истиқболи сазовори Рӯзи Ваҳдат дар пойтахт дастуру супоришҳо дод.

Июнь 4, 2013 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш