Нигоҳи тангназаронаи ҲДТ ба Шўрои ҷамъиятӣ
Нигоҳи тангназаронаи Ҳизби Демократии Тоҷикистон ба Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии ТоҷикистонИзҳоротиКотиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятииҶумҳурии Тоҷикистон Н.СаидовШўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1996 дар асоси ду ҳуҷҷати муҳим-Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ва Низомномаи Шўрои ҷамъиятӣ аз ҳисоби намояндагони ваколатдори ташкилотҳое, ки Аҳдномаро ба имзо расонидаанд, созмон дода шуда, дорои мақоми намояндагӣ, экспертию машваратӣ ва ҳамоҳансозӣ мебошад. Инак, беш аз 15 сол аст, ки Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуввафақият фаъолият дорад, ва дар ин давра зарурати ҳаётии худро собит намуд.Чунон, ки маълум аст, Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистонро аз як тараф Президенти ҶТ, Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва аз тарафи дигар – раисони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, иттифоқҳои эчодӣ, ташкилотҳои динӣ ва ҷамъиятҳои миллӣ-фарҳангӣ ба имзо расондаанд. Дар айни замон 87 ташкилоти ҷамъиятӣ ва созмонҳои сиёсӣ иштирокдорони Аҳднома мебошанд.Мақсади асосии Аҳдномаи ризоияти ҷомеа ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва мусоидат ба таҳкими истиқлолият, рушди давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад.Тибқи фармони Президенти ҶТ “Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ сиёсӣ дар ҶТ” бо мақсади таҳким ва инкишофи ҳамкориву ҳамдастии иҷтимоии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар 64 шаҳру ноҳия ва вилоятҳои мамлакат Шўроҳои ҷамъятӣ таъсис дода шудаанд, ки фаъолона кор мекунанд. Тибқи нақша ҷаласаҳои сайёри Шўрои ҷамъятии ҶТ якҷо бо шўроҳои ҷамъятии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо гузаронда мешаванд.Дар сатҳи ҷаласаҳои шаҳру ноҳия ва вилоят мо фикру мулоҳизаҳои аъзои Шўрои ҷамъиятӣ ва коршиносони маҳаллиро оид ба масъалаҳои муҳими рўз проблемаҳои мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳоро мешунавем ва ба инобат мегирем.Барои ҳамаҷониба мавриди омўзишу баррасӣ қарор додани масъалаҳои мубрами ҷомеа дар назди Шўрои ҷамъиятӣ комиссия ва кумитаҳои зерин амал менамоянд: оид ба рафти иҷроиши Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии ҶТ, оид ба сиёсат ва ҳуқуқи байналмилалӣ, оид ба робитаи байни миллатҳо, кор бо ҷавонон, кор бо занон, илм, маориф ва иттиолот, оид ба масъалаҳои иҷтимоиёт ва иқтисотиёт, оид ба масъалаҳои таъмини амнияти ҷомеа ва Комиссия оид ба одоби аъзои Шўрои ҷамъиятӣ Шўрои ҷамъиятӣ бо Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони ҶТ ҳамкориҳои зич дорад. Лоиҳаҳои қонунҳое, ки аз ҷониби Маҷлиси Намояндагон ба Шўрои ҷамъиятӣ барои таҳлил ва хулосаи экспертӣ ирсол мегарданд, аввал дар Кумитаҳои Шўро баррасӣ гардида сипас хулосаи экспертии Шўро баъди мувофиқа бо Раиси Шўро, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Намояндагон фиристонда мешаванд.Шўрои ҷамъиятӣ инчунин бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон, сафоратхонаҳои муқими Душанбе ҳамкориҳои зич дорад. Дар назди Шўрои ҷамъиятӣ маҳфили «Ҳамкориҳои иҷтимоӣ» якҷо ба Дафтари САҲА дар Душанбе фаъолият мекунад, ки дар он масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Оид ба натиҷаҳои ҷаласаҳо гузориш тартиб дода шуда, барои шиносоӣ ба унвони Раиси Шўрои ҷамъиятӣ пешниҳод мегардад.Президенти ҶТ, Раиси Шўрои ҷамъиятии ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳ бевосита ва хоҳ бавосита ҳамеша дар ҷараёни баҳсу мунозираҳо, масъалагузориҳо ва дархостҳои аъзои Шўро мебошад. Бинобар ин, аксари идеяҳои созанда, ки дар ҷаласаҳои Шўрои ҷамъиятӣ пешниҳод мегарданд, дар вақти тартиб додани барномаю консепсияҳои давлатӣ, амру фармонҳои Президенти ҶТ ба инобат гирифта мешаванд.Мутаасифона, баъзе неруҳои сиёсӣ нақш ва саҳми Шўрои ҷамъиятиро дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди раванди демократикунонии ҷомеа нодида мегиранд. Гузашта аз ин, сару садоҳое амсоли «Шўрои ҷамъиятӣ вазифаҳои хешро иҷро кардааст, бинобар ин бояд барҳам дода шавад, ё ин ки мақом ва шакли фаъолияти он тағйир дода шавад…» пайдо мешавад, ки боиси нигаронист Ин садоҳо пеш аз ҳама аз ҷониби баъзе Ҳизбҳои сиёсии кишвар ба гўш мерасанд. Дар соли 2010 ҲНИТ ҳамин гуна пешниҳод карда буд, ки мо он вақт ба он ҷавоби муфассал дода будем. Саволе ба миён меояд, ки чаро аз ҷониби баъзе ҳизбҳои сиёсие аз қабили ҲНИТ ва ҲДТ чунин пешниҳодҳо мекунанд ва чаро фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ барои онҳо мақбул нест.Хотирнишон сохтан бамаврид аст, ки ҲНИТ ва Ҳизби Демократии Тоҷикистон соли 2010 баъди аз интихоботи Маҷлиси Намояндагони ҶТ ҳамчун нишони эътироз ба натиҷаҳои интихобот узвияти хешро дар Шўрои ҷамъиятӣ қатъ карданд. Ҳизби социал-демократии Тоҷикистон бошад ягон вақт аъзои Шўрои ҷамъиятӣ набуд. Ҳамзамон таъкид бояд сохт, ки ҷавҳари асосии Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аз он иборат аст, ки иштирокдорони он ўҳдадориҳои муайянро ба дўши худ мегиранд ва принсипҳои Аҳдномаро эътироф мекунанд. Дар чорчўбаи ин Аҳднома давлат ўҳдадор шудааст, ки қонунҳои ба демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон равонашударо таҳия ва қабул намояд. Давлат ўҳдадор шудааст, ки сиёсати иҷтимоии ба тавозуни иқтисод ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равонашударо ба роҳ монад. Дар навбати худ ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ўҳдадор шудаанд, ки давлатро дар масоили иқтисодӣ, сиёсӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ дастгирӣ менамоянд, дар таҳкими истиқлолияти он, ноил шудан ба ризоияти миллӣ мусоидат мекунанд, экстремизм, фишору зўроварӣ ва терроризми байналмилалиро маҳкум мекунанд. Аз ин рў, вақте ки ҳизби сиёсӣ аз Шўрои ҷамъиятӣ мебарояд ё пешниҳод менамояд, ки мақоми он тағйир дода шавад, ин маънои онро дорад, ки ин ҳизб аз ин ўҳдадориҳо даст мекашад ва принсипҳои Аҳдномаро, яъне манфиатҳои ҷомеаро аз манфиатҳои идоравӣ, гуруҳӣ, ҳизбӣ ва минтақавӣ боло донистанро эътироф намекунад. Бинобар ин, бо назардошти ин нуктаи муҳим бо пешниҳоди ҲДТ мутлақо розӣ шуда наметавонем. Худ қазоват намоед, Шўрои ҷамъиятӣ ҳамчун маркази машваратӣ ва таҳлилии афкори ҷамъиятӣ ташкилоти нодире мебошад, ки дар давраҳои гуногуни таърихии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами рўз саҳми сазовор гузоштааст. Дар солҳои аввали фаъолияти хеш Шўрои ҷамъиятӣ дар музокироти байни тоҷикон, истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар саҳми назаррас гирифта буд.Дар шароити имрўза дар маркази диққати Шўро масъалаҳои стратегии давлати Тоҷикистон, аз ҷумла: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти иттилотӣ, таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва интихобот, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳукумати электронӣ, масъалаҳои гендерӣ, амнияти экологӣ қарор гирифтаанд. Ҳизби Демократии Тоҷикистон дар Муроҷиатномаи хеш пешниҳод менамояд, ки Шўрои ҷамъиятӣ ба Шўрои машваратии назди Президентӣ ҶТ табдил дода шавад. Пеш аз ҳама тазаккур доданӣ ҳастам, ки дар фазои плюрализми ғоявӣ ва бисёрҳизбие, ки дар кишварамон вуҷуд дорад, чунин пешниҳод аз ҷониби ҳизби сиёсӣ барои мо чизи нав нест. Аммо ин пешниход якчанд ҷанбаҳои дигар дорад, ки мехоҳам ба онҳо равшанӣ андозам:1. Шўрои ҷамъиятӣ ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад ва шахси юридикӣ набуда, дар асоси Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон амал менамояд. Дар сурати ба Шўрои машваратӣ табдил доданаш он ба яке аз сохторҳои давлатӣ табдил меёбад, ки ба принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мухолифат дорад. Яке аз сабабҳои асосие, ки созмонҳои байналмилалӣ: Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Тоҷикистон, Фонди байналмилалии системаҳои интихоботӣ (IFES) ба Шўро таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд ва бо он ҳамкорӣ мекунанд, ин маҳз ташкилоти ҷамъиятӣ будани Шўро мебошад. Бинобар ин, тағйир додани мақоми Шўрои ҷамъиятӣ ба раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Точикистон таъсири манфӣ мерасонад.2. Тағйир додани мақоми Шўро маънои онро дорад, ки ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки Аҳдномаро ба имзо расондаанд, аз ўҳдадориҳо ва принсипҳои Аҳднома даст мекашанд, Ба ақидаи мо, ин дар замони мураккаби мавҷуд будани ақидаҳои гуногуни ба ҳам мухолиф, замони бархурди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, қуват гирифтани равандҳои глобализатсия барои давлати ҷавони Тоҷикистон қобили қабул нест.3. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ созишномаҳои байналмилалиро оид ба ҳуқуқи инсон, демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ имзо кардааст ва дар сурати паст кардани мақоми Шўрои ҷамъиятӣ чун ниҳоди муассири ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ва ба ниҳоди давлатӣ табдил додани он бисёр созмонҳои байналмилалӣ метавонанд эътимоди худро нисбат ба Точикистон зери шубҳа гузоранд. Дигар ин, ки салоҳияти Шўрои ҷамъиятӣ ҳамчун ниҳоди асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле баланд аст. Вақте ки он ба Шўрои машваратӣ табдил мегардад, салоҳияти Шўрои машваратӣ махдуд мешавад, ки ин ба нафъи кор нест. 4. Фаъолияти беш аз 15-солаи Шўрои ҷамъиятӣ нишон дод, ки ин ташкилот дорои таҷрибаи пурсамар гардида, ҳамчун ниҳоди муассири ҷомеаи шаҳрвандӣ барои рушду нумуи кишварамон, демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини волоияти Қонун дар кишвар хизмати арзандаро анҷом дода истодааст ва дар оянда ҳам ин корро давом хоҳад дод. 5. Ба Роҳбари тозаинтихоби Ҳизби Демократии Тоҷикистон маслиҳат доданӣ ҳастем, ки пеш аз он, ки чунин пешниҳодҳо кунанд, Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ва Низомномаи Шўрои ҷамъиятии ҶТ-ро бодиққат мутолиа намоянд ва бо фаъолияти ҳамарўзаи Шўрои ҷамъиятӣ пурра шинос шаванд. Шояд аз он сабаб, ки дар тўли се соли охир онҳо саргарми ҳалли проблемаҳои дохилиҳизбӣ буданд, аз фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ умуман хабар надоранд. Аз муҳтавои пешниҳод чунин ба назар мерасад, ки Роҳбарияти тозаинтихоби ҲДТ бо мазмун ва мундариҷаи Аҳдномаи ризояти ҷомеаи Тоҷикистон шинос нест ё огоҳона онро нодида мегирад.Бинобар ин, бо назардошти далелҳои овардашуда пешниҳоди Ҳизби Демократии Тоҷикистон оид ба тағйир додани мақоми Шўрои ҷамъиятӣ ва ба Шўрои машваратии назди Президенти ҶТ табдил додани он умуман қобили қабул нест.Лекин ба як фикре, ки дар Муроҷиатномаи ҲДТ омадааст, розӣ нашудан мумкин нест. Ба ақидаи роҳбарияти ҲДТ ягон ҳизбу ҳаракати сиёсӣ дар алоҳидагӣ мушкилоти кишварро ҳал карда наметавонад. Танҳо дар сурате, ки ҳамаи қувваҳои солими ҷомеа бо мақсади наҷиби ободонии Ватани ягонаамон Тоҷикистони соҳибистиқлол муттаҳид гарданд, ҷомеаи мо рушд мекунад ва сатҳи арзандаи зиндагии мардум таъмин мегардад. Вақт исбот намуд, ки чунин нерўи муттаҳидкунанда Шўрои ҷамъиятӣ мебошад.Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 05.06.2013.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






