Никола Кавазович «Истиқлол» — ро тарк мекунад

Июнь 18, 2013 11:05

Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар»). – Роҳбарияти клуби футболи «Истиқлол» тасмим гирифт, ки Никола Кавазовичро аз вазифаи сармураббии ин даста озод кунад. Тавре ки президенти клуби «Истиқлол» Шоҳрух Саидов ба сомонаи расмии клуб хабар дод, сабаби ин тасмим дар вохӯрии муҳим бо дастаи «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби сифр бар як шикаст хӯрдани дастаи «Истиқлол» мебошад. Хотирнишон месозем, ки Никола Кавазовичи серб аз оғози моҳи апрели соли гузашта роҳбарии дастаи «Истиқлол» — ро ба ӯҳда гирифта, тайи фаъолияташ дастаи мазкур соҳиби Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё дар соли 2012 гардида, медалҳои биринҷии мусобиқоти ҷумҳуриро дар соли 2012 ба даст овард.

Июнь 18, 2013 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш