Нобудсозии малах дар Шаҳритуз

Июнь 18, 2013 16:30

Турсунзода, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Андешидани тадбирҳои саривақтӣ, коркарди кимиёвӣ бар зидди малах имкон дод, ки ин офати табиӣ ба зироатҳои деҳқонон зарар расонида натавонад. Дар ин бора сармутахассиси КВД «Мубориза бар зидди малах»- и шаҳри Турсунзода Саидалӣ Холматов хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ имсол ҳам дар чарогоҳҳои зимистонаи хоҷагиҳои кишоварзони Турсунзода, ки дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритуз, дар мавзеъҳои Чӯпоншаҳид, Боғи ҷидда, Дӯғӣ, Ясамолӣ ҷойгиранд, паҳншавии малах дар масоҳати 2824 гектар ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин дар мавзеи Хуми ҷамоати деҳоти Навобод паҳншавии малах дар майдони 478 гектар ба мушоҳида расид. Алҳол дар мубориза бар зидди малах 1 адад техникаи дорупошии ОВТ, 1 адад ОВХ-28, 35 адад дорупошаки моторӣ, 18 адад дорупошаки дастӣ, 1 адад мошинаи обкаш ва 57 нафар коргарони мавсимӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Июнь 18, 2013 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш