Оғози фаъолияти Сафорати Тоҷикистон дар Қатар

Июнь 26, 2013 11:38

Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар»). – Баъди дар шаҳри Доха ба Вазири давлатии корҳои хориҷии Давлати Қатар Холид ал — Атийя нусхаҳои Эътиборномаҳоро супурдани Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Қодирӣ, 24 июн Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қатар ба фаъолияти аслиаш шурӯъ намуд. Сафири Тоҷикистон дар ҷараёни сӯҳбат орзуҳои беҳтарини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Давлати Қатар Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ ва Шоҳзода Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, ҳамчунин табрикоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифиро арза дошт. Холид ал – Атийя зикр намуд, ки Давлати Қатар ба муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса зоҳир мекунад. Мавсуф изҳори боварӣ намуд, ки баъди ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Доха ҳамкории ҳар ду кишвари дӯст рушду густариш хоҳад ёфт.

Июнь 26, 2013 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш