Оғози сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд
Душанбе, 17 июн (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва оғози сохтмони иншооти зиёди дигар ба вилояти Суғд сафар кард.Тайи боздиди корӣ Сарвари давлат ба чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ташриф оварда, бо мардуми касбу кори гуногун мулоқоту суҳбатҳо анҷом медиҳад.Боздиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳраки Суғдиёни шаҳри Паҷакент оғоз ёфт.Дар ин ҷо бо иштироки Сарвари давлат коргоҳи холисгардонии тилло дар назди Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди корхонаи муштараки Зарафшон ифтитоҳ ёфт.Таъкид гардид, ки ин нахустин коргоҳи холисгардонии тилло то дараҷаи 99,99% аст. Аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба нахустин рехати 3 килограммаи тиллои холис рақами 1 гузошта шуд.Тавре зикр гардид, ин коргоҳ бо иқтидори ҳозирааш метавонад дар як сол то 7 ҳазор килограмм тиллои холиси дараҷаи 99,99% истеҳсол намояд. Ба иттилои роҳбарияти корхона, дар оянда иқтидори он ба истеҳсоли то 10 ҳазор килограмм тиллои холис дар як сол расонда мешавад.Дар коргоҳи мазкур ҳоло наздики 70 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ таъмин шудаанд.Дар назди ширкати муштараки Зарафшон, ҳамчунин сохтмони коргоҳи нави маъдантозакунӣ бо иқтидори шабонарӯзии коркарди 10 ҳазор тонна маъдан оғоз ёфт. Тибқи нақша, ин корхона то семоҳаи сеюми соли 2014 бояд ба истифода дода шавад. Дар ин корхона беш аз 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки то охири соли 2013 асосноккунии иқтисодию техникии сохтмони коргоҳи коркарди миси холис аз ҷониби ширкати муштараки Зарафшон ба итмом расонда мешавад. Ҳоло дар ширкати муштараки Зарафшон дар маҷмӯъ наздики 2300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва 39 нафар шаҳрванди хориҷӣ фаъолият доранд.Тавре таъкид гардид, то соли 2015 барои афзун намудани нишондодҳои истеҳсолии ширкати муштараки Зарафшон иловатан зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ карда мешавад. То ин вақт тайи 6 соли кор дар кони Зарафашон ширкати чинии Зиҷин беш аз 210 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, ба буҷети кишвар 22 миллион доллари амрикоӣ андоз супурдааст. Истеҳсоли солонаи тилло ҳоло ба 1 тонна расидааст. Тибқи нақшаҳои мавҷуда то солҳои 2014-2015 истеҳсоли тилло ба 4-5 тонна ва шумораи коргарон бояд ба 3 ҳазор нафар расонда шавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Президенти ҶТ хабар доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






