Оқибати садама дар роҳи мошингард

Июнь 14, 2013 11:20

Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар»). – Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди қисми ҷанубии Тоҷикистон се нафар осеб дид. Мувофиқи хабари Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ҳодисаи фоҷиавӣ 12 июн рух дод. Автомобиле, ки онро сокини 49 – солаи ноҳияи А.Ҷомӣ идора мекард, ба дарахти канори роҳ бархӯрда, бар асари ин ронанда ва духтари 21 — солаи ӯ дар маҳалли ҳодиса ҳалок гардида, писари 10 – солааш дар беморхона бистарӣ шуд.

Июнь 14, 2013 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш