Омӯзиши созишномаи СҶТ

Июнь 25, 2013 08:34

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Шуруъ аз имрӯз, 25-уми июн дар Душанбе давраи омӯзишии дурӯза дар мавзӯи «Созишномаи Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) доир ба чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ (СФС): Дар заминаи тиҷорат» оғоз гардид.Аз Маркази байналмилалии тиҷорат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки даври омӯзишии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СТҶ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» доир шуда, дар он мушовирони байналмилалӣ намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистонро бо Созишномаи СТҶ доир ба СФС шинос хоҳанд кард.

Июнь 25, 2013 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш