Омодагии Британияи Кабир барои татбиқи лоиҳаҳояш то соли 2015

Июнь 11, 2013 10:58

Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — Ҷараёни ҳамкориҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир, имкониятҳои вусъат додани онҳо дар оянда чанде қабл зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо Роҳбари идораи Вазорати рушди Байналмиллалии Британияи Кабир оид ба Осиёи Марказӣ Боб Леверингтон мавриди баррасӣ қарор гирифт.Аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Д. Саидов иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судманди Вазорати рушди Байналмиллалии Британияи Кабирро дар риштаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла идоракунии давлатӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, хоҷагидорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва тандурустӣ баҳои баланд медиҳад.Изҳори назар карда шуд, ки дар доираи лоиҳаи Дастгирии ҳамоҳангсозии самараноки миллии кӯмаки беруна ва пешбурди сармоягузорӣ харитаи кўмаки беруна таъсис дода шуда, ки ин раванд имконият медиҳад, барои иттилои саривақтӣ ва тақсими кўмаки беруна ба бахшҳо ва минтақаҳо мусоидат намояд. Хамзамон татбиқи лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки дар режими онлайнӣ тамоми маълумотҳо доир ба кўмаки беруна саривақт дар намуди ҳисоботҳо ва диаграммаҳо фазои ҳолати кўмаки беруна дар Тоҷикистон муайян карда шавад.Боб Леверингтон оид ба татбиқи барномаҳои Вазорати рушди Байналмиллалии Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 –ум иттилоъ дод.Ҷонибҳо ҷиҳати давом додани ҳамкории зич ва амалӣ намудани қадамҳои мушаххас барои ба роҳ мондани ҳамкории судманди дуҷониба омодагии худро баён намуданд.

Июнь 11, 2013 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш