Осиёи Марказӣ барои сулҳ, бидуни силоҳи ҳастаӣ
Душанбе, 17 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Кишварҳои абарқудрати ҷаҳонро, ки дорои силоҳи ҳастаианд, мебояд иродаи нек нишон диҳанд, то уҳдадориҳои худро ҷиҳати коҳиши силоҳи ҳастаӣ иҷро намоянд. Ин матлабро Саттор Холов-муовини раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон дар суҳбати мизи мудаввар, ки таҳти унвони «Осиёи Марказӣ барои сулҳ, бидуни силоҳи ҳастаӣ» дар Душанбе доир гардид, иброз дошт. Чорабинии мазкур бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, сиёсатшиносон, олимону коршиносон ширкат доштанд. Зикр гардид, ки таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад. Хусусан дар мавриди афзоиши аслиҳаи ядроӣ. Дар самти ҷилавгирӣ аз ин хатарҳо ва таъмини амнияти минтақа кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мардуми сайёраро лозим аст, ки дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Вакили Парлумони Тоҷикистон дар гузориши худ доир ба мавқеи стратегии Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ дар миқёси ҷаҳон ва уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ибрози назар намуд. Мавсуф зикр кард, ки дар ин масъала Парлумони Тоҷикистон маҷмӯи санаду қонунҳоро қабул намудааст, ки ба таъмини амнияти минтақа ва кишварамон мусоидат менамояд. Қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» аз сӯи вакилони Парлумони Тоҷикистон шаҳодати гуфтаҳост. Дар навбати худ Агибай Смагулов- сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон зикр кард, ки ҳифз ва таҳкими амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир, хусусан ҷилавгирӣ аз силоҳи ҳастаӣ ва мусаллаҳшавии бошитоб дар миқёси ҷаҳон яке аз масъалаҳои ҳассос ва умда ба шумор меравад. Дипломати қазоқ афзуд, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлол гардиданашон муборизаро алайҳи озмоиши яроқи ҳастаӣ, паҳн нагардидан ва коҳиш додани он пурзӯр намудаанд. Ин аст, ки 29 августи соли 1991 бо Фармони Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев озмоишгоҳи ҳастаии Семипалатинск, ки дар замони Итттиҳоди Шӯравӣ дар ин тамрингоҳ 500 озмоши ядроӣ гузаронида шуда буд, баста шуд. Иштирокдорони суҳбати мизи мудаввар ҳамзамон доир ба масъалаҳои нақши Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати бидуни силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ, мақоми ғайриҳастаии Қазоқистон ҳамчун кафили амният ва оромӣ дар Осиёи Марказӣ ва дурнамои вазъи сиёсию низомӣ дар Осиёи Марказӣ баъди соли 2014 табодули назар карданд.16.45.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






