Озмуни «Маликаи соли 2013»

Июнь 10, 2013 11:22

Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Рӯзи ҷумъаи гузашта дар шаҳри Хуҷанд озмуни анъанавии «Маликаи соли 2013» баргузор гардид. Мувофиқи суханони роҳбари шӯъбаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, ин чорабинӣ бо ибтикори шӯъбаи ҷавонони шаҳр ва бо дастгирии ҳукумати шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ шуд.Дар озмун 6 нафар духтарон, асосан донишҷӯёни донишкадаҳои олии шаҳри Хуҷанд, иштирок доштанд. Аз рӯи натиҷаи озмун донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Ғафуров Орифахон Абдуҷабборова соҳиби тоҷи «Маликаи соли 2013» гардид.

Июнь 10, 2013 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш