Пойтахтҳои фарҳангии «Иттиҳод – 2013»
Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар»). – Шаҳрҳои Габалаи Озарбойҷон, Гюмрии Арманистон ва Могилёви Беларус пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод дар соли 2013 эълон шудаанд.Бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои аъзои ИДМ 29 июн дар шаҳри Габалаи Ҷумҳурии Озарбойҷон маросими ботантанаи ифтитоҳи барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод – 2013» баргузор мегардад. Ҳайати сершумори намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳод бо роҳбарии раиси раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Федератсияи Русия Пӯлод Булбулоғли ба шаҳри Габала меояд. Дар ҷараёни ин чорабинӣ аз 28 то 30 июн мизҳои мудаввар баргузор гардида, перомуни мавзӯъҳои гуногун мубоҳисаҳо сурат мегиранд.Дар ин бора ҳамоҳангсози фаъолият бо васоити ахбори омма, мушовири Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона Александр Лучанинов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






