Рӯзҳои ҲХДТ дар Суғд

Июнь 4, 2013 14:08

Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Аз 4 то 6 июн дар ноҳияҳои Ғончӣ ва Мастчоҳи вилояти Суғд Рӯзҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор мешаванд. То имрӯз чунин чорабиниҳо дар 16 минтақаи вилоят роҳандозӣ шуда буданд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафу вазифаҳои асосии ин чорабиниҳо иборат аз шиносоӣ бо вазъияти маҳалҳо, проблемаҳои аҳолии минтақаҳо, ба эҳтиёҷмандон расонидани кӯмаки моддию маънавӣ, ҳамчунин тарғиби ғояҳои ҲХДТ мебошад.Дар ин рӯзҳо ба эҳтиёҷмандон, собиқадорони ҷанг ва маъюбону ятимон ёрии моддӣ расонида мешавад.

Июнь 4, 2013 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш