Рӯзи дарҳои кушод
Кулоб, 6 июн. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Имрӯзҳо хатмкунандагони саросари мактабҳои таҳсилоти миёнаи кишвар паи амалӣ гардонидани орзуву омоли хеш — идома додани таҳсил ва ноил гардидан ба номи донишҷӯ кӯшиш менамоянд. Имконияти васеи интихоби касбу тахассуси ояндаро барои хатмкунандагон раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар рӯзи дарҳои кушоди таълимгоҳ фароҳам овард. Намояндагони ҳамаи 8 факултаи донишгоҳ дастовардҳои таълимию илмии хешро ба маъраз гузошта, барои толибилмон дар бораи ихтисоси факултаҳо маълумот доданд. Сипас ноибони соҳавии ректори ДДК бо хатмкунандагон суҳбати самимию ошкоро доир намуда, зимни он ба суолҳои мактаббачагон посухҳои мушаххас доданд. Хатмкунандагон имкон пайдо карданд, ки бо факултаҳо, марказҳои таълимию омӯзишӣ аз наздик ошно гарданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






