С. Ибодӣ: «Хонаводаҳои ниёзмандро тавонманд хоҳем кард»
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар»). — «Минбаъд самти фаъолияти намояндагии Кумита ба тавонманд намудани хонаводаҳои ниёзманд равон карда мешавад», — мегӯяд Сайид Маҳдии Ибодӣ — раиси дафтари намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавсуф доир ба фаъолиятҳои дафтари намояндагии Кумита ва дурнамои он зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки намояндагии Кумитаи имдод бо таваҷҷуҳ ба шароити феълӣ ва он ниёзҳое, ки эҳсос мешаванд, фаъолияташро тағйир медиҳад. Солҳои қаблӣ ироаи маводи хӯрока ба мардуми камбизоат яке аз самтҳои асосии фаъолиятамон маҳсуб меёфт. Дар шароити кунунӣ самти асосии фаъолияти мо ифтитоҳ ва ба роҳ мондани давраҳои омӯзишӣ, рӯ овардан ба истеҳсолот ва беҳдошти вазъи иҷтимоии мардум нигаронида шудааст. Дар соли равон дар асоси барномаи корамон ҳудуди 20 коргоҳи омӯзишии ҷадидро тарроҳӣ кардем ва тарҳи қарзҳои бефоизамонро бо як барномаи нав роҳандозӣ хоҳем кард. Дар робита, фаъолиятамон дар Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳи баланди мардум, дигар ниёз нест, ки мо хӯрока бидиҳем. Нигоҳамон кӯмак ба омӯзиш ва истеҳсолот аст. Яъне ироаи кӯмакҳои ғизоиро ба оилаҳои камбизоат коҳиш медиҳед ё қатъ мегардонед? На, қатъ наменамоем. Вале корро аз он ҳолати суннатии қадимие, ки дорем берун меорем, мо хонаводаҳоеро, ки таҳти сарпарастии Кумита қарор доранд ба самти тавонмандсозӣ-беҳдошти вазъи иҷтимоӣ раҳнамун месозем. Заминаи тавонмандии хонаводаро эҷод мекунем. Баъзе модароне ҳастанд, ки 4-5 кӯдаки хурдсол доранд ва наметавонад худашон амалан кор кунанд. Вале духтари ба камол расида дар он хонавода ҳаст, ки имкон дорад касби дӯзандагиро омӯзад ва дар ин маврид мо ба чунин духтарон давраи омӯзиширо баргузор менамоем. Яъне дар Маркази омӯзиши дӯзандагӣ таҳсил мегирад, баъдан қарзи бефоиз медиҳем, имкон пайдо мекунад то мошинаи дарздӯзӣ харида, амалан кор кунад, фармоиш гирад ва маҳсули меҳнати худро ба фурӯш гузорад ва аз он ҳисоб вазъи иҷтимоии оилаи худро беҳ намояд. Чунин тарзи меҳнат як бори кӯчакеро аз дӯши хонаводаҳо сабук мегардонад. Он марказҳои омӯзишие, ки намояндагии Кумитаи имдод дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон таъсис додааст, теъдодаш чанд адад аст? Намояндаи Кумитаи имдод дар Тоҷикистон 30 маркази омӯзишии худро дошта, 23 маркази дигарро ҳамчун эҳдоӣ таъсис додааст, ки онҳоро дигарон идора менамоянд. Аз 30 Маркази омӯзишӣ 2 тоаш Маркази омӯзиши сангтарошӣ -яке дар Душанбе ва дигаре дар Хуҷанд фаъолият доранд. Инчунин ду Маркази омӯзиши компютер дар Хуҷанду Нуробод ифтитоҳ шудааст. Дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин як Маркази омӯзиши кафшергарӣ амал менамояд. Марказҳои омӯзишии дӯзандагӣ қариб дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон –Душанбею, Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои минтақаи Рашт барои занону духтарон фаъолият доранд. Қарзҳои бидуни фоиз аслан ба кадом оилаҳо дода мешавад? Ин қарз ба хонаводаҳои эҳтиёҷманд, ки ниёзмандиашон ба мо собит мегардад, дода мешавад. Оилаҳое, ки мехоҳанд аз мо қарзи бефоиз гиранд, бояд нақшаи фаъолияташонро дошта бошанд. Ин қарз ба он хотире дода намешавад, ки он оилаҳо масалан тӯй баргузор намоянд. Бояд онҳо коре анҷом диҳанд, ки аҳли оилаашонро ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ комёб гардонад. Ҳадафи мо ин аст, ки хонаводаҳо бояд шуғле пайдо намоянду вазъи иҷтимоияшонро беҳтар гардонанд. Қарзҳое, ки ба оилаҳои ниёзманд дода мешавад, ҳаҷмашон чӣ қадар аст? Маблағҳое, ки ҳамчун қарзи бефоиз ба эҳтиёҷмандон дода мешаванд ҳаҷмашон гуногун аст. Он дар асоси нақшаи коре, ки аз ҷониби оилаҳо ба намояндагии Кумита пешниҳод шудааст, вобаста аст. Масалан барои тиҷорату савдо маблағи муайян дода мешавад. Агар қарз барои чорводорию соҳаи кишоварзӣ бихоҳанд маблағашон низ фарқ мекунанд. Яъне ба таваҷҷуҳ ба он ниёзе, ки хонаводаҳо доранд баррасӣ шуда, баъдан қарз дода мешавад. Раванди додани қарз чӣ гуна сурат мегирад? Хонаводаҳо аз дастгоҳи ҳукумати шаҳру ноҳияҳо ё Кумитаи кор бо занон ва оила, ё Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии шуғли аҳолӣ, хулас аз яке аз ин мақомот бояд нома пешниҳод созанд. Ин нома дар намояндагии Кумитаи имдод баррасӣ шуда, шароити шахси қарзгирандаро мо меомӯзем, баъдан барояшон қарзи бефоиз медиҳем. Солҳои қаблӣ намояндагии Кумита дар Тоҷикистон тӯйҳои дастаҷамъонаро мегузаронд, соли равон баргузории чунин тӯйҳо дар назар аст? Солҳои қаблӣ баргузории чунин тӯйҳо аз ҷониби намояндагии Кумитаи имдод дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбутаи Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромад буд ва то андозае дар мавриди сарфаи ҳароҷоти буҷаи оилаҳо ва беҳдошти вазъи иҷтимоии онҳо нақши муассир гузошт. Соли равон бо таваҷҷуҳ ба буҷае, ки аз Эрон ба мо ҷудо карда мешавад, гузаронидани тӯйҳои дастаҷамъона мушаххас мегардад. Намояндагии Кумитаи имдод дар кадом минтақаҳои Тоҷикистон фаъолият доранд? Намояндаги Кумитаи имдод дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Кӯлоб, Хоруғ, ноҳияҳои Ваҳдат ва Нуробод фаъолият дошта, дар соли равон тасмими дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ифтитоҳи намояндагиро надорад. Дар бахши тандурустӣ ҳам ба ниёзмандон кӯмак мерасонед? Дар бахши беҳдоштӣ ба эҳтиёҷмандон корҳои аввалияро анҷом медиҳем. Баъдан ба дардмандоне, ки ба дору эҳтиёҷ доранд бо маводи доруворӣ таъмин мегарданд. Дар ин бахш пизишкони ботаҷриба фаъолият доранд, ки онҳо ҳар сари вақт ба ниёзмандон кӯмакҳои тиббӣ мерасонанд. Дар як вақт ба толибилмон, ки теъдодашон беш аз 6 ҳазор аст ва ба зиёда аз 500 донишҷӯ, ки хонаводаҳояшон таҳти сарпарастии Кумитаи имдод қарор доранд, аз кӯмакҳои мо бархӯрдоранд. Хонаводаҳои ниёзманде, ки барояшон кӯмак расонида мешаванд 7 ҳазор буда, аз ин шумора 3 ҳазор ба таври доимӣ аз кӯмакҳои мо бархӯрдоранд. Чиноиҳо як масали хубе доранд- «моҳӣ хӯрданро ёд нагиреду моҳӣ доштанро ёд гиред».Чун ба оилаҳои ниёзманд кӯмакҳо дар шакли маводи хӯрока ироа месозед, онҳо одат намекунанд? Масъалаи ба сатҳи беҳдошт ва тавонмандӣ расонидани оилаҳои ниёзманд солҳост, ки дар Эрон матраҳ мегардад. Фаъолияти мо дар Тоҷикистон низ ба сатҳи беҳдошт ва тавонмандӣ расонидани оилаҳои ниёзманд бо ташкили марказҳои омӯзиши шуғли муайян, ҳунаромӯзӣ, ки алҳол фаъолияти густурда доранд, инчунин ироаи қарзҳои бидуни фоиз барои рушди соҳибкории хурд нигаронида шудааст. Як замоне лозим буд, ки ба мардум маводи хӯрока ироа кардем. Алҳол ба он чандон зарурат нест. Муҳим омӯзиши касбу шуғли муайян, ки хонаводаҳои ниёзманд то тавонанд эҳтиёҷоти худро дар зиндагӣ таъмин намоянд. Дар ин самт дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон як тарҳи ҷадидеро таҳия намудаем, ки тибқи он ниёзҳои хонаводаҳои эҳтиёҷманд омӯхта мешавад ва дар асоси он мо ба хонаводаҳо кумакҳо мерасонем. Дар маҷмӯъ бо таъсиси марказҳои омӯзишӣ, пешниҳоди қарзҳои бефоиз далолат ба он менамояд, ки мо аз самти расонидани хӯрока ба мусоидат ба тавонмандии хонаводаҳо рӯ орем. Бо кадом ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ҳамкорӣ доред? Шарикони ҳамкори мо дар Тоҷикистон асосан Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавононанд. Кумитаи имдод дар кадом кишварҳои ҷаҳон намояндагии худро дорад? Кумитаи имдод, ки ба ҳайси созмони байналмилалӣ фаъолият менамояд, дар бархе аз кишварҳои дунё дафтари худро дорад. Он баъди як моҳ аз пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Эрон, моҳи марти соли 1979 бо мақсади кӯмак ба мардуми эҳтиёҷманд созмон дода шуд. Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнӣ дар Эрон маъмуриятҳои мухталифро дошта, дар тамоми соҳаҳо фаъолияташ густурда аст. Хусусан дар масъалаи фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, дорои шуғли муайян гардидани оилаҳои ниёзманд. Танҳо дар зарфи ду соли охир Кумитаи имдод ба унвони яке аз дастгоҳҳои афзалиятноки кишвар дар радифи он ниҳодҳое, ки шароити кор эҷод мекунанд, қарор дошт. Ин аст, ки сарпарасти кулли Кумитаи имдод Ҳусайн Анворӣ дар мавриди фаъолияти густурдаи Кумита бобати фароҳам овардани ҷойҳои нави кор аз ҷониби Президенти Эрон бо ифтихорнома сарфароз гардид. Ояндаи Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехоҳед? Тоҷикистон як кишваре рӯ ба рушд ва пешрафт, як сарзаминест бо мардумони дорои хиради баланд ва меҳнатқарин, ки метавонанд кишварашонро ба мартабаи баланди рушд ва шукуфоӣ расонанд. Дар ин самт саъйю талош ва корҳои шоистаю бунёдкорие, ки мардум ва давлатмардони Тоҷикистон ба анҷом мерасонанд, қобили таҳсин аст. Зеро корҳои ободонию созандагӣ дар Тоҷикистон, ки бо як пешрафти хоса ҷараён дорад, шаҳодатест аз дурнамои рушди ин кишвар. Таманнои Шумо ба мардуми тоҷик? Тоҷикон мардуми пурталош, тавонманд ва алоқаманд ба пешрафти кишварашон ҳастанд. Ба мардуми тоҷик, ки бо эрониҳо ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, ду шохаи як дарахтро мемонанд, тандурустию сарбаландӣ, саодату осоиши рӯзгор ва шукуфоиро таманно карда, хоҳони онам, ки дар оянда ба кӯмакҳои касе ниёз надошта бошанд. Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






