Сафари хотирмон

Июнь 3, 2013 08:36

Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Хонандагони мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе аз тамошои ҷойҳои таърихии ноҳияҳои Шаҳритӯс, Қубодиён ва шаҳри Қӯрғонтеппа баргаштанд. Махсусан ба хонандагон тамошои мавзеи таърихӣ ва нотакрори Чилучорчашма ва Осорхонаи ноҳияи Қубодиён таассуроти хуб бахшид. Сарпарастии ин сафари наврасонро Вазорати мудофиа ба уҳда дошт. Дар сурати пайдо шудани сарпарастони дигар мо метавонем аз ҷойҳои таърихии дигари ҷумҳурӣ дидан намоем, иброз дошт директори муассисаи мазкур Намоз Бобоев.

Июнь 3, 2013 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш