Сафари Ш.Хайруллоев ба Бишкек

Июнь 25, 2013 11:43

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев барои иштирок дар машварати вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба шаҳри Бишкек меравад. Машварат 26 июн дар пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад. Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, раёсати машваратро вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон Таалайбек Омуралиев ба ӯҳда дорад. Дар кори машварат вазирони мудофиаи Қазоқистон — Одилбек Ҷақсибеков, Чин — Чан Винсюан, Русия — Сергей Шойгу, Тоҷикистон — Шералӣ Хайруллоев, муовини аввали вазири мудофиаи Ӯзбекистон Шавқат Норматов, ҳамчунин Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезенсев ва директори Кумитаи иҷроияи сохтори зиддитеррористии минтақавии СҲШ Чжан Синфэн иштирок менамоянд.

Июнь 25, 2013 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш