Сафи аъзои ҲХДТ меафзояд

Июнь 5, 2013 14:46

Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо мақсади зиёд намудани сафи аъзо ва ҷалби шахсони арзанда таҳти сарварии роҳбарияти намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва аъзои фаъоли ҳизб дар ҷамоатҳои деҳоти Лоиқ Шералӣ, Рӯдакӣ, Амондара ва Ёрӣ тайи ду рӯз корҳои ташвиқотию тарғиботиро анҷом дод, ки дар натиҷа 30 нафар кормандони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои номбурда аризаҳои худро барои аъзои ҲХДТ шудан пешниҳод намуданд.Дар ин бора сомонаи расмии ҳизб иттилоъ дода, афзудааст, ки фаъолони ҲХДТ дар вохӯриҳо ҳамзамон Паёми Президент ба Маҷлиси Олиро шарҳу баррасӣ намуданд.

Июнь 5, 2013 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш