«Сайис» дар «Кохи Ҷомӣ»
Душанбе, 7 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар доираи 20-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон имрӯз дар «Кохи Ҷомӣ»-и Душанбе маросими ифтитоҳии Рӯзҳои синамои Туркманистон бо намоиши филми ҳунарии «Сайис» доир гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар он аҳли фарҳанг, намояндагони вазорату идораҳо ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, инчунин намояндагони ҷамъияти туркманҳои Тоҷикистон ширкат доштанд. Чинор Рустамова-Cафири Фавқулодда ва Мухтори Турманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории Рӯзҳои кинои Туркманистонро дар Тоҷикистон қадами устувор дар тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Туркманистон арзёбӣ кард. Дипломати туркман афзуд, ки дар зарфи 20- соли барқарории муносибатиҳои дипломатӣ миёни Душанбе ва Ашқобод имкониятҳои мусоиди ҳамкорӣ фароҳам омаданд, ки он аз иродаи сиёсии Сарони кишварҳо шаҳодат медиҳад. Чинор Рустамова дар мавриди ҳамкориҳои ҳасанаи ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф ёдрас шуда, афзуд, ки аввали моҳи июн дар таърихи муносиботи ду кишвар рӯйдоди муҳими аҳамияти минтақавидошта ба вуқуъ пайваст. Ин ҳам бошад дар шаҳри Отамуроди Туркманистон бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Афғонистон Ҳомид Карзай сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳан, ки се кишвари минтақаро бо ҳам мепайвандад, барпо гардид. Инчунин аз 3 то 5 июн дар Туркманистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон доир шуда, ҳунармандони тоҷик бо барномаҳои ҷолиби консертӣ дар толорҳои фарҳангии ин кишвар баромад намуданд.Дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Туркманистон ҳамчунин Сайдалӣ Сиддиқов –муовини аваали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ ва Нурбердӣ Алибердиев- ҳунарманди мардумии Туркманистон, роҳбари ҳайати синамогарони туркман роҷеъ ба сатҳ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди фарҳангии ду кишвари дӯсту бародар ибрози назар карданд. Ин чорабинии муҳими фарҳангӣ аз ҷониби Сафорати Туркманистон дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, то 10 июн идома меёбад. Тӯли ин рӯзҳо дӯстдорони филмҳои туркманӣ имкон доранд филмҳои ба навор гирифтаи синамогарони туркманро, аз қабили филмҳои ҳунарии «Мусобиқа» /коргардон Б.Мансуров/, «Арӯси хаппак» /коргардон-таҳиягар С. Караҷаев/, «Сайис» /коргардон –таҳиягар М. Оразов/, «Бародарони шӯх» /коргардон-таҳиягар Қоқов/ ва филмҳои мустанади «Сайри таърих» ва «Қолини туркманӣ»-ро, ки доир ба таърих, фарҳангу ҳунар ва анъанаҳои неки мардуми туркман ҳикоят мекунанд, тамошо намоянд. Ҳамзамон дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Туркманистон дар Тоҷикистон бо иштироки синамогарони ҳар ду кишвар суҳбати мизи мудаввар дар мавзӯи « Хунари синамо-самтҳои ҳамкорӣ» барпо мегардад, ки дар он дурнамои ҳамкории синамогарони ҳар ду кишвар ва соири масоили марбут ба таҳия ва ба навор гирифтани филмҳо матраҳ хоҳад шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






