Салафия ва ҷанбаҳои ақидатию сиёсии он

Июнь 21, 2013 16:58

Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар»). — Дар тамоми Паёмҳҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои ў дар мулоқот бо аҳли зиё, ҷавонон ва ғ. дар бораи пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ба ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ ва мазҳабу равияҳои бегона ба хотири ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва рушди давлати миллӣ дар фазои осоишта таъкид гардидааст. Яке аз чунин ҳаракатҳои ифротгарои дар заминаи эътиқодҳои динӣ амалкунанда, ки имрўз аз ҷониби бегонагон ба кишварҳои тозаистиқлоли Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию- мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро дорад, ин ҳаракати салафия мебошад, ки дар ҷаҳони ислом имрўз ҳамчун як равияи тундгаро шинохта шудааст.Салафия аз калимаи арабии «салафа» — гузашта будан, пешина будан, ниёгонгароӣ гирифта шуда, пеш аз ҳама як рўҳияи умумии бузургдошти «гузаштагони некном» (ар. «ас-салаф ас-солиҳин»)-и се қарни аввали таърихи ислом аст. Сониян, як гароишест, ки ҳамаи фирқаву мазҳабҳои маъруфи исломӣ мавқеъгирии худро ба салафи солеҳ нисбат додаанд. Дар таърихи ислом ҳеҷ фирқаву мазҳаберо наметавон пайдо кард, ки худро пайрави «ас-салаф ас-солиҳин» нашуморад. «Ас-Салафиён» — номи омми уламои мусулмоние низ ҳаст, ки дар давраҳои гуногун аз мавқеи баргашт ба тарзи зиндагӣ ва суннатҳои ниёгони солеҳу некном дар ҳама умур даъват кардаанд ва ҳама бидъатҳо (навовариҳо)-и баъдии ҷомеаи исломӣ, чӣ тафсиру таъвили Қуръон, чӣ равияи тасаввуф ва чӣ муносибат бо кишварҳои Ғарбро мазаммат кардаанд. Дар маънии васеъ ба салафи солеҳ, масалан, гароишҳои чаҳор имоми аҳли тасаннун: имом Абўҳанифа, имом Ибни Ҳанбал, имом аш-Шофеӣ, имом Ибни Молик мансубанд. Вале ин имомони солеҳ ба ҳеҷ ваҷҳ худро салафӣ наномидаанд ва якдигарро барои надоштани гароиш ба салафи солиҳин муттаҳам накардаанд. Ниҳоятан, он дар давраи нав номи як ҷунбиши бунёдгарои динию мазҳабӣ аст, ки дар нимҷазираи Арабистон, дар заминаи мазҳаби суннии ҳанбалӣ ва яке аз уламои ин мазҳаб, Ибни Таймия (1263-1328) аз тарафи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (1703-1791) асосгузорӣ шуда, дар ибтидо бо номи ваҳҳобия шўҳрат ёфта, баъдан пайравони он ин ном, яъне «салафия»-ро барои худ авлотар донистаанд.Он дар таърихи ислом давраи нави гароиш ба салафия мебошад, ки аз рўи мазмуну ҳадафи худ аз «Салафи солиҳин» фарқ мекунад ва аз ҳаракатҳои ваҳҳобия, фароизӣ (ҷунбиши хоҷа Шариатуллоҳ дар Ҳиндустон), наҳзати мафкуравии созмони «Ихвон-ул-муслимин» ва ғ. оғоз мегардад ва дар асл як исломи сиёсикунонидашуда мебошад, ки дар заминаи муборизаи сиёсӣ барои ба даст овардани ҳокимият, аз нав эҳё кардани Хилофати араб ба вуҷуд омадааст. Дар манбаъҳои ғарбӣ барои ифодаи мафҳуми салафия истилоҳҳои «традитсионализм», «фундаментализм», «возрожденчество»-ро ба кор мебаранд. (Ислам. Энциклопедический словарь. -М., ГРВЛ,1991, С.204).Шинохти бояду шояди «салафия» бе донистани таърихи таҳаввули илоҳиёту фалсафаи каломи исломӣ мушкил ва нопура хоҳад буд. Мо дар таърихи ислом баъзан тағири моҳияти мафҳум ва ё сўъистифода аз мафҳумҳои маъруфро мебинем. Мафҳуми салафия низ аз ҳамин қабил аст. Дар воқеъ аксари равияҳое, ки дар таърихи ислом зуҳур кардаанд, чунонки қаблан ишора шуд, аз қадарияву мўътазила, то наҳзати ислоҳталабии Ҷамолуддини Афғонӣ ва Муҳаммад Абдо номи салафия ё пайравӣ аз «салафи солиҳин» (ниёгони солеҳ)-ро шиори худ медонистаанд. Аммо он «салафия»-е, ки имрўз машҳур аст, намунае аз он мафҳуми тағири моҳияткарда буда, ҳамчун номи як фирқа, дар заминаи мазҳаби ҳанбалия, дар давраи нав ба вуҷуд омад. Салафия аз нигоҳи ақидатӣ ҳамон фирқаи ваҳҳобия аст.Шояд саволе ба миён ояд, ки сабаби ҳамчун ҳаракати нави динӣ-сиёсӣ арзи вуҷуд кардани ваҳҳобия дар чӣ буд? Мусаллам аст, ки тўли асрҳо араб дар ҷаҳони ислом аз нигоҳи сиёсӣ қудратманд, соҳиби хилофат ва давлату давлатдорӣ буд. Вале аз замони давлатдории Сомониён сар карда, доираи нуфузи хилофати араб танг гардида, ин раванд тадриҷан дар замони Ғазнавиён, Салҷуқиён вусъат ёфт ва оқибат дар садаи 14 туркони усмонӣ Хилофати арабро аз байн бурданд ва ба ҷои он империяи туркони усмонӣ ба вуҷуд омад. Чуноне ки арабҳо дар давраи Уммавиёну Аббосиён нисбати халқҳои Аҷам нодидагирӣ ва афзалиятхоҳӣ мекарданд ва ин боиси ба вуҷуд омадани ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ дар таркиби Хилофат гардид, ба ҳамин монанд туркони усмонӣ низ манфиатҳои арабро нодида гирифта, онҳоро аз худ камтар медонистанд. Чунин сиёсати туркони усмонӣ нисбати арабҳо барои бедоршавии ҳисси истиқлолиятҷўии онҳо такон бахшид. Бахусус, дар доираҳои табақаи бонуфузи феодалони араб кўшиши аз нав дар тамоми қаламрави Арабистони таърихӣ эҳё ва ташкил намудани давлати Арабистон ба миён омада буд. Дар ҳамин давра, яъне дар охири асри XVIII ваҳҳобия ҳамчун як фирқаи динӣ-сиёсӣ ва ҳаракати иҷтимоӣ, ки ифодакунандаи манфиатҳои феодалони араб буд, дар муқобили сиёсати мустамликадории туркони усмонӣ ба вуҷуд омад. Аз нигоҳи сиёсӣ онро метавон як навъ ҳаракати миллатгароии араб барои эҳёи давлатдории таърихии араб ном бурд. Баъдан ин ҳаракатро давлатҳои абарқудрати Ғарб барои пароканда кардани империяи туркони усмонӣ истифода карданд. Вақте ки сулолаи Оли Саъуд барои тамоми Арабистонро ба зери нуфузи худ даровардан мубориза кард, Ғарб онро дастгирӣ намуд. Ва ниҳоят, соли 1920 давлати Арабистони Саъудӣ таъсис ёфт, ки идеологияи расмии он мазҳаби ваҳҳобия мебошад. Ҳамин тариқ эҳёи давлати миллии араб дар сатҳи идеология дар шакли эҳёи исломи ибтидоӣ бо номи ваҳҳобия сурат гирифт. Бинобар ин, ваҳҳобия хусусияти бунёдгароӣ касб намуд. Сарчашмаи ғоявию маънавии онро мазҳаби ҳанбалӣ ташкил медиҳад. Ҳанбалия асосан чунин мактаби суннатии аҳкоми фиқҳиест, ки хусусияти сирф арабӣ дошта, танҳо Қуръону суннатро сарчашмаи шариату фиқҳ медонад. Азбаски мазҳабҳои дигар, бахусус ҳанафия, аз роҳи истифодаи дигар сарчашмаҳо: қиёс, иҷтиҳод ва урф дар доираи талаботҳои Қуръону суннат ба шароит ва хусусиятҳои фарҳангии миллатҳои ғайри араб мутобиқ шуд ва онҳоро бештар ба худ ҷалб кард, мазҳаби ҳанбалия, назарияи каломии Ибни Таймия ва ваҳҳобия бо ҳанафия ва дигар мазҳабҳои суннатӣ ихтилоф доранд. Бинобар ин, ваҳҳобия кўшиш намуд, ки исломро аз ҳама гуна унсурҳои ғайриарабӣ тоза намояд ва ба он хусусияти сирф арабӣ бахшад. Дар ҳамин робита барои ташаккули ҳаракати ваҳҳобия таълимоти ҳанбалия ва Ибни Таймия, ҳамчун заминаи идеявӣ хизмат кард. Ибни Таймия яке аз уламои муросонопазир (радикалист)-и суннатгаро буда, дар бисёр масъалаҳо бо ақидаи аҳли суннату ҷамоат ва махсусан шиа мухолифат дошт. Аз ин рў мутакаллимон бар зидди ў бархостанд ва ў зиндонӣ шуд, вале аз ақидаи худ даст накашид. Ў кўшидааст исломи ибтидоиро аз нав эҳё кунад, ҳама гуна навоварию тағйиротро дар ислом рад карда, ҳатто мутакаллимонро дар ин масъала зери танқид гирифтааст ва муқобили мазҳаб дар ислом буд. Ҳамин тариқ, ақидаҳои ў хусусияти бунёдгароӣ дошта, ба арзишҳои миллии ғайри араб комилан зид буд. Дар усул ва ақида ў муқобил ва мухолифи ба ислом ворид кардани ҳам каломи ашъарӣ ва ҳам унсурҳои тасаввуф аст. Яъне ў мухолифи он коре буд, ки аз тарафи яке аз машҳуртарин уламои шофеимазҳаби ислом Муҳаммад Ғазолӣ қаблан дар асри X-XI м. анҷом ёфтааст. Ин аст, ки тезии теғи интиқодоти каломии ў пеш аз ҳама ба муқобили Ғазолӣ ва ба ислом ворид кардани калому тасаввуф нигаронида шуда буд. Яке аз ҳассостарин масъалае, ки Ибни Таймия нисбати он бо муқобилият ва интиқоди сахт баромад кардааст, масъалаи зиёрату парастиши ҷойҳои муқаддас, қабрҳои пайғамбарон, алалхусус ба барномаи ҳаҷҷи ҳоҷиён дохил шудани зиёрати оромгоҳи пайёмбари ислом Муҳаммад (с) ва саҳобагонаш буд. Ҳарчанд ин афкор ва ақоиди ў дар замони худи Ибни Таймия шўҳрати зиёде касб накарданд, вале дар тамоми тўли таърихи баъдии ислом, осори ў (наздик ба 500 номгў) як навъ ҳастаи барангезандаи афкори ислоҳотӣ ва бидъату хурофотситезӣ дар ислом боқӣ монд. Ногуфта намонад, ки имрўз низ осори ў ҳам дар байни шарқшиносону исломшиносон ва ҳам дар доираҳои динию мазҳабии олами ислом мавриди таваҷҷўҳи хоса аст.Дар воқеъ пайдоиши чунин гароиши ақидатӣ дар замони Ибни Таймия ва пас аз он заминаи воқеӣ дар ҳаёти аъроби Нимҷазираи Араб дошт. Чунон ки дар китоби (А.М.Василев «Пуритане ислама») хеле муфассал, бо истинод ба пажўҳишҳои олимони шарқшиносу исломшинос ва мардумшиноси ғарбӣ баррасӣ шудааст, дар даврони пас аз реҳлати Паёмбар (с) дар навоҳии бодиянишини Арабистон, на танҳо бидъатҳои зиёде ба вуҷуд омада буданд, балки дар бисёр ҷойҳо мардуми бодиянишин аз ислом ва шариати он бехабар буданд ё хабари кофие надоштаанд ва ҳатто бисёриҳо ба ҳамон анъанаву суннатҳои бутпарастии пеш аз ислом баргашта буданд. Аз ин нуқтаи назар таълимоти Ибни Таймия ва Абдулваҳҳоб як навъ даъват ба ислоҳи шуури муслимин ва баргашт ба суннатҳои (ас-салаф ас-солиҳин) буд.Ҳарчанд асоси назарии салафияи ифротӣ аз тарафи Ибни Таймия гузошта шуд, барҷастатарин мубаллиғи салафияи ифротӣ Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб мебошад. Бо фаъолияти Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб фирқа (на мазҳаб!)-и нави исломӣ бо номи «ваҳҳобия» (ҳаминҳое, ки худро салафия меноманд) дар асри XVIII м. ба вуҷуд омад, ки усули таълимоти ўро гароиш ба салафия ташкил мекунад. Ваҳҳобияро метавон як навъ протестантизми навъи исломӣ донист. Ин ақидаро олимони аврупоӣ Л. Корансез ва И.Буркхардт Л., изҳор кардаанд. (ниг.: А.М.Васильев. Пуритане ислама. М. 1967. С.105). Дар усул ин фирқа бе мазҳаб аст, вале дар фурўъ ҳанбалӣ аст. Монеъ ибн Ҳаммод ал-Ҷаҳанӣ. Шинохти адён ва мазоҳиби муосир. Тарҷ. М.Т. Атоӣ. Марказ-ус-сақофат-ул-исломия «Бухоро». С.2001. С.305 Ин фирқа дар аввал ба муқобили хилофати усмонӣ, бидъатҳо ва хурофотҳое, ки исломро фаро гирифтаанд, нигаронида шуда буд.Ҷавҳари таълимоти ваҳҳобияро идеяи тавҳид ташкил медиҳад, ки мувофиқи он Худо холиқи олам аст ва ба ў касе баробар шуда наметавонад. Модоме ки чунин аст, пас танҳо Худо сазовори тоату ибодат мебошад. Ҳамаи дигар расму одатҳои исломӣ, ба монанди авлиёпарастӣ, зиёрати равзаи Паёмбар, ҷойҳои муқаддас, ҳаҷ, қурбонӣ, дар назди марқади ашхоси муқаддас сохтани масҷидҳо, нўшидани машрубот, бозӣ, мусиқӣ, рақс, сохтани гунбадҳо дар рўи қабр ва ғ. як навъ бутпарастӣ мебошад. Тафсири Қуръонро низ рад менамоянд. Ҳар касе, ки аз ин одатҳо пайравӣ мекунад, кофир буда, сазовори қатл аст ва бо ин гуна ашхос ҷиҳод раво мебошад. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб бо бидъат ва хурофотҳо, ки дар замони ў ниҳоят зиёд гардида буданд, муборизаи амалии сахт эълом кард, зеро дар водиҳои Арабистон ҳатто парастишҳои ҷоҳилия аз нав ҷон мегирифтанд.Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб бозгашт ба сарчашмаҳои асосии ислом Қуръон ва суннати набавиро асоси даъвати худ қарор дод ва таъкид дошт, ки ҳар коре аз умури зиндагӣ ва ақидатӣ, агар санади мувофиқат бо Қуръон ва суннати набавӣ надошта бошад, қобили қабул ва пазируфтанӣ нест. Даъвати ў ба сўи пок намудани тавҳид аз унсурҳои ширк, ҳам дар шинохт ва ҳам дар ибодат буд. Дигаре аз даъвати ў зинда сохтани фаризаи ҷиҳод аст. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, дар ибтидои пайвастан ба фаъолиятҳои сиёсӣ, бо ҳокими зодгоҳаш Айния Усмон ибн Ҳаммод ибни Муаммар, худ бевосита ба вайрон ва хароб кардани ҷойҳои муқаддас (аз ҷумла, буридани дарахте, ки зиёратгоҳ буд, хароб сохтани мақбараи саҳобаи паёмбар Зайд ибни Хаттоб ва сангсор кардани зани зинокор) даст задааст.Муҳимтарин асли таълимоти Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб баргашт бар тавҳиди холиси исломии замони паёмбари ислом буд. Ў ақида дошт, ки Худованди якто ягона холиқу офаридгор ва мудаббири умури олами табиат ва инсонҳо аст ва ҳеҷ шарике дар холиқият надорад. Дар ибодат низ ҳеҷ махлуқе шоистаи убудият ва шарик дар ибодат бо Худованд нест. Вале ў мўътақид буд, ки мусалмонон аз ин асли исломӣ берун рафтаанд ва ба Худованд шарик дар ибодат ва тадбири умур гирифтаанд, ки зиёрати мазорҳо ва ёрӣ ҷустан аз онҳо-тавассул мисоли ин гуфтаҳо шуда метавонад. Аз ин рў Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб яке аз вазифаҳои асосии худро поксозии ислом аз ин бидъатҳо медид.Чунон, ки мунаққидони ваҳҳобия таъкид мекунанд, тавҳид, яктопарастӣ ва яктогароӣ аз назари ақида ва амал дорои маротиб ва дараҷоте аст, ки донишмандони «илми калом» дар бораи онҳо баҳсу гуфтугўҳои зиёд кардаанд. Яке аз онҳо масъалаи «тавҳид дар ибодат» мебошад, ки тамоми паёмбарон барои таҳким ва субот бахшидан ба он омадаанд ва Қуръон тавҳид дар ибодатро ҳадафи асосии ҳамаи расулони Худо медонад. Масалан, мефармояд «Ва лақад баъасно фӣ кулли умматин расулан аниъбуду-л-Лоҳа ваҷтанибу тоғута» (Қ. Наҳл:36) «Дар миёни ҳар уммате паёмбаре барангехтаем, ки Худоро бипарастед ва аз ҳар тоғуте бипарҳезед». Ё худ «Қул! Ё аҳлал-китоби таъолу ило калиматин савоин байнано ва байнакум алло наъбуду илал-Лоҳа ва ло нашрика биҳи шайан» — «Бигў! Эй «аҳли китоб» биёед калимаеро, ки миёни мо ва шумо яксон аст, бипазиред ва он инки ҷуз Худойро напарастем ва барои Ў шарик қоил нашавем». (Қ. Оли Имрон:64).Хулоса яктопарастӣ ва таҳрими парастиши ҳар мавҷуде ҷуз Худо масъалаест, ки тамоми фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ онро пазируфтаанд ва ҳеҷ кас дар ин маврид сухани мухолифе надорад, чунки агар фарде ин аслро қабул накунад, аз доираи ислом берун ва кофир аст. Аммо дар робита бо иддаои ваҳҳобиён масъалаҳое ҳастанд, ки асли ихтилофи онҳоро бо дигар равияҳои исломӣ ташкил мекунанд. Ин масоил камаш панҷто мебошанд:1. Кўмаку мадад талабидан, ҳоҷат хостан аз ғайри Худо чигуна аст? Яъне ҷоиз аст ё не?2. Дархости шафоъат аз паёмбарон ва пешвоёни маъсум-имомон раво ва ҷоиз аст ё не?3. Дар мақоми дархости чизе аз Худо, васила, шафеъ, миёнарав қарор додани авлиёи илоҳӣ ва эшонҳо чигуна аст, масалан, бигўем: «Аллоҳумма иннӣ атавассилу би-набийика илайка — Парвардигоро ман ба воситаи паёмбари ту ба ту расиданиям» ва монанди инҳо, чӣ ҳукме дорад?4- Дар мақоми дархости ҳоҷат аз Худо, савганд додани Худо ба ҳаққи авлиё чигуна аст?».5. Оё савганд хўрдан ба ғайри Худо монанди савганд ба Қуръон, паёмбар ва имом аз назари шаръ чӣ гуна аст?».(Оятулло Ҷаъфари Субҳонӣ. Нақде ба ойини ваҳҳобият 1- Тавассул. Интиш. Қадар.1369. С.8)Аммо ба ҳар сурат аз нигоҳи мазҳабҳои аҳли суннат ва шиъа ҳамаи ин корҳо ва расму русум ба асли тавҳиди ислом зиддият надоранд. Дар китоби иқтибосшуда исботи ин матлаб васеъ дода шудааст.Як нуктаи ҳайратангези ақидаю амали салафия дар он аст, ки он ҳарчанд андешаи худро тавҳиди ноб меҳисобад ва як қатор унсурҳои рукни ибодати ислом, расму оин ва арзишҳои мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоатро ширк эълон кардааст, вале дар асл худ ба сабаби тасаввурот доир ба худоҳои қабилавиро, ки хоси динҳои қадими бутпарастӣ ва бисёрхудоӣ буданд дар асоси сифоту сирати Худованд гузоштан пайравонашро ба ширк роҳандозӣ менамояд. Дар илми диншиносӣ чунин тарзи фаҳмиш ва шинохти худовандро антропоморфизм меноманд, яъне ба Худо нисбат додани сифатҳои одамӣ (худои инсонгуна), ки аз нигоҳи ислом комилан ширк аст. Чуноне ки дар Қуръон омадааст: «Нест монанду мисли Худо чизе». (Қ. Шўро: 11) ва «Ба Худо шарик муқаррар макун! Ба дурустӣ, ки ширк ситаме бузург аст». (Қ. Луқмон: 13).Яке аз бунёдгузорони ҷараёни бемазҳаби салафия Ибни Таймия гуфтааст, ки «Пайравони мазоҳиб дар пояи ақл (ҳавову ҳавас ва фикру гумон амал карда) ва на дар асоси нақд (насси Қуръон ва суннат) аз сифоти субутии Худованд фақат сифоти Ҳаёт, Илм, Қудрат, Ирода, Самъ, Басар ва Таквинро қабул доранд, бо таваҷҷўҳ ба ин ки дар қабул ва субут бархе аз ҳамин сифотро низ қабул надоранд ва дар бархе ихтилоф доранд, аммо ғайр аз инҳо дигар сифот, монанди:- Ваҷҳ – чеҳра, ду даст, иставо, нузул, ризо, муҳаббат, калом ва ъулу (боло будан)-ро… ва дар макон будани Худоро рад кардаанд». (Ниг. Абдуллоҳи Муҳаққиқи Ҳанафӣ. Салафия: нигоҳи муосири илмӣ-сиёсӣ ё радди афкор ва аҳдофи ғаразноки Албонӣ. Душанбе – 2013, С.347). Андешаи Ибни Таймияро оид ба инсонгуна будани сифоти Худо ҳанўз яке аз чеҳраҳои машҳури аҳли суннат ва ҷамоат, Мотуридии Самарқандӣ рад карда буд.Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб бошад аз дуруд фиристодан ва салавот бар Паёмбари ислом (с), салавот гуфтан дар шабҳои ҷумъа, баланд салавот фиристодан ба рўи минбар ҷилавгирӣ мекард ва чуноне ки Исфаҳонӣ дар асараш «Сафарнома» навиштааст, ҳангоме ки бисту панҷ ҳазор ваҳҳобиён аз Лондон бар мегаштанд, вориди Карбало шуда, панҷ ҳазор нафарро мушрик ҳисобида куштанд ва ҳазоронро захмӣ карданд ва қабри Имом Ҳусайнро хароб намуданд. Ва ҳамчунин мувофиқи маълумоти Ҷамили Сидқӣ, ки дар китобаш «ал-Фаҷру содиқ» овардааст, соли 1217 ҳ. мардуми Тоифро қатли оммӣ карда, тифли ширхораро ба рўи синаи модараш сар буриданд. (Асари зикршуда. С.328-330). Ин ҳамагӣ чанд намунаи кўчаке аз амали ваҳҳобиён мебошад, ки дар зери шиори исломи ноб нисбати мусулмонон анҷом додаанд.Мунаққидони салафия аз худи доираҳои исломӣ салафияро ҳамчун як бидъати зараровар мешуморанд. Зарари асосии онро пеш аз ҳама дар эҷоди нифоқу бадбинии байни мусалмонон, барҳам задани ягонагии онҳо медонанд. Бидъат будани ин фирқа дар он аст, ки ҳеҷ як гароишҳои ақидатии салафияи собиқ, ихтилофи иҷтиҳодӣ ва ақидатии худро омили ҷудоӣ аз аҳли суннат ва ҷамоат ва шиору номи хосае барои ҷудокунандаи худ ё равиши эътиқодии худ аз дигарон, аз соири уммати ислом, аксар аз ин ба куфру бидъат муттаҳам кардани аксарият накарда буданд. Ваҳҳобиён барои он, ки номи мазҳаби худро аз тобиши фардӣ берун оранд ва ба он ҷилои умумиисломӣ ва собиқадор ҷилва диҳанд чунин номро ба худ интихоб кардаанд. Вагарна ҳеҷ як пайрави ас-салаф ас-солиҳин чунин коре накардааст.Дар ҳоли ҳозир аксари даставу гурўҳҳои ифротиву ирҳобӣ дар олами ислом худро ба салафия марбут медонанд, ё худ худашон инро ошкор накунанд ҳам, аслан аз шохаҳо ва шўъбаҳои ин равия ҳастанд. Ба салафия «Ихвон-ул-муслимин» бо тамоми зергурўҳҳои он чун: «ат-Такфир в-ал-ҳиҷра», «ал-Ҷиҳод», «Муназзимат-ут-таҳрир ал-исломия». «Ҳизб-ут-таҳрир ал-исломия», «Алқоида», «ас-Салафия ал-ҷиҳодия» шомил мешаванд. Баъзе аз муҳаққиқон таъкид кардаанд, ки ҳадди ақал салафиён дар ҳоли ҳозир ба се гурўҳ: «ҷиҳодия», «мадхалия» ва «сарвария» тақсим мешаванд. Ба гурўҳи аввал созмони «Ал-қоида» низ шомил аст.Пас пайдо шудани ҳаракати салафия дар вазъи имрўза дар ҷумҳурии мо барои мо чи оқибатҳоро метавонад орад?Зуҳури равияи салафиҳо дар кишвари мо нишон медиҳад, ки то ҳанўз дар байни диндорон, уламои динӣ ва намозгузорон як мубориза ва рақобат барои васеъ намудани доираи нуфуз ва эътибори шахсиятҳои алоҳидаи динӣ ва муллоҳо идома дорад. Инчунин гурўҳҳои муайяне ҳастанд, ки мехоҳанд тавассути фазои динӣ дар муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба худ мавқеъ пайдо намоянд. Ин рақобат аз доираи он хоҳишҳои эҳё намудани дину оини гузаштаи худ берун рафта, ба худ шакли дағалтар ва ҷудоиандозиро мегирад, ки солҳои 90-уми асри гузашта пайдо шуда буд.Суоли аввал ин аст, ки гурўҳи салафиҳо кистанд, чӣ мехоҳанд ва аз тарзи фароизи расмии динии мардуми худамон, ки 1300 сол идома ёфта омадаанд, чӣ онҳоро қаноат намекунад? Аз гуфтаи эшон бармеояд, ки ихтилофи назари онҳо дар тарзи иҷроиши баъзе аз фароизи динӣ бо исломи суннатии мо, аз қабили бардоштани дастҳо ҳангоми гуфтани такбир дар вақти намоз, баланд ва паст гуфтани омин, кушод ё ҷафс намудани пойҳо ва ихтилоф дар баргузории чанде аз маросимҳои шаҳрвандӣ ва динӣ: зиёрати қабристон, қироати Қуръон дар болои қабр, фотиҳа дар ҳавлии фавтида пас аз гўронидан, худоиҳо, мавлуди Паёмбари акрам ва зиёрати равзаи ў, шаби меъроҷи Паёмбар ва ғ.аст. Куллан масоиле, ки ба фурўъи ислом тааллуқ доранд, на ба усул.Ин худ нишонаи бегонагии онҳо бо ирфону маорифи амиқу густурдаи исломӣ мебошад, вагарна огоҳӣ доштан, ҳадди ақал аз ривояти «Маснавии Маънавӣ»-и Мавлоно дар бораи сўҳбати «Мўсо ва шубон» онҳоро аз баҳсу кашмакашҳо дар ин масъалаҳои ҷузъӣ дар канор нигоҳ медошт ва боиси хатари барҳамзании ваҳдати миллӣ дар чунин як марҳалаи ҳассоси суботёбии давлати миллии тоҷикон намешуданд.Таърихан, ҳанўз аз замони ташаккулёбии чаҳор мазҳаби аслии аҳли суннат ва ҷамоат ва се мазҳаби аҳли ташайюъ маълуму рўшан буд, ки дар усули фиқҳ мазҳаби ҳанафия дар баробари Китоб, суннат, қиёс, иҷмоъ, раъй, иҷтиҳод, урфи маҳаллиро низ асос ва мавриди қабул донистааст. Алалхусус, ҷоиз донистани истифода аз урф ин мазҳабро назар ба мазоҳиби дигар оламгиртар сохтааст. Қуръон, ки вуҷуди халқу қабилаҳоро эътироф ва акрамиятро танҳо дар тақво медонад, икроҳ, яъне маҷбуриятро дар дин намеписандад, тобишҳои миллию маҳаллӣ доштани бархе аз маросимҳои исломиро низ инкор накардааст. Агар истилоҳи маъруфро бо каме тағйир ба кор бигирем: «шаклан миллию мазмунан исломӣ» будани баъзе фурўъи исломӣ аз назари ин мазҳаб бадие надорад.Вале салафия дар зери қабои «исломи ноб» дар доираи мазҳаб пайравӣ кардан аз исломро куфр ва бидъат ҳисобида, аз ҳамин роҳ арзишҳои мазҳабии се мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат – ҳанафия, моликия, шофеия ва шиаю мазҳабҳои онро инкор карда, танҳо худро ба сифати исломи ноолуда эълон доштааст. Ҳол он ки, агар ақида ва амалияи салафияро, ки аз баъзеи онҳо дар боло ишора кардем, бо Қуръону суннат муқоиса кунем ба осонӣ мебинем, ки салафия худ низ аз мазҳаби ифротгарои навзуҳуре беш нест. Салафия ин унвони нави ҳамон мазҳаби ваҳҳобиест, ки дар заминаи ислоҳоти мазҳаби ҳанбалӣ қомат афрохтааст.Пас ворид гаштани салафия ба як ҷомеаи таърихан мазҳабӣ ба мисли Тоҷикистон метавонад дар фазои динӣ-сиёсии он барои ба вуҷуд омадани низоъҳо дар заминаи ихтилофи мазҳабҳо имконият фароҳам орад. Зеро дар ҷомеаи мазҳабии анъанавӣ дар зери таъсири салафия аз рўи масоили ақидатӣ ва иҷрои фароизи исломӣ ба гурўҳҳо тақсим шудани пайравони як мазҳаб ногузир ба низоъҳои мазҳабӣ замина мегузорад, бахусус дар ҳоле ки салафия аксари фароизи исломии мазҳаби ҳанафиро, ки аз тариқи қиёс, иҷтиҳод ва урф дар доираи талаботҳои таълимоти Қуръон ва суннат тарҳрезӣ гардидаанд, куфру бидъат мехонад. Инкори баъзе аҳкому меъёрҳои мазҳаби ҳанафӣ ва бидъат ҳисобидани он амалҳои диние, ки тибқи мазҳаби ҳанафӣ анҷом ёфта, тўли 1300 сол дар тафаккур ва зиндагии мусулмонон устувор гаштаанд, ба монанди ибодатҳо, ҷанозаҳо ва хондани фотиҳа ба арвоҳи фавтидагон, хайру худоӣ, никоҳу талоқҳо, зиёрати равзаи Расули Худо (с) ва наздиконаш ва ғ. худ то чӣ андоза хусусияти ифротгароӣ доштани салафия ва таҳаммулпазир набудани он нисбати мазҳабҳои дигарро шаҳодат медиҳад. Фаромўш набояд кард, ки ворид шудани як набарди нави фикрӣ дар ҷомеаи суннатии мазҳабӣ ҳамеша низоъҳои сиёсиро ба бор овардааст ва чунин набардҳои фикрию сиёсӣ дар таҷрибаи таърихи халқҳои мусулмон бисёр рўй додааст.Таҷрибаи кишварҳои мусулмонӣ дар чанд соли охир собит сохтанд, ки ҳамаи тазоҳуроту табаддулоте, ки дар ин кишварҳо пиёда гардидаанд, дар заминаи низоъҳои динӣ-мазҳабӣ ба воқеъият табдил ёфтаанд ва аз паси ҳамаи он қувваҳои динӣ-сиёсие, ки ин тазоҳуроту ҷангҳои дохилиро барои тағири ҳокимият роҳандозӣ мекарданд, аксар вақт нерўҳои сиёсии хориҷӣ қарор доштанд ва доранд. Муҳаққиқони исломи сиёсии садаҳои XX ва ибт. XXI дар он ақидаанд, ки бисёр ҳизбҳои сиёсии хусусияти динидошта ва равияву ҳаракатҳои динии навзуҳур дар олами ислом бо дастгирии он давлатҳои қудратманде, ки дар кишварҳои мусулмонӣ манфиатҳои стратегӣ доранд, таъсису интиқол ёфтаанд ва имрўз низ дастгирӣ меёбанд. Қувваҳои сиёсии беруна (ва баъзан дохилӣ низ) кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо дасти худи мусулмонон дар кишварҳои мусулмонӣ манбаи низоъро бо роҳи ба вуҷуд овардани тафриқаҳои мазҳабӣ пиёда созанд ва дар мавриди зарурӣ аз ин тафриқаҳои мазҳабӣ-сиёсӣ истифода баранд. Бинобар ин, дар шароити кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд доштани ихтилофи ақидатию ибодатӣ байни салафия ва мазҳаби ҳанафӣ метавонад сабаби рўй додани бўҳрону низоъи мазҳабӣ-сиёсӣ гардад.Ҳамзамон як нуктаи муҳимро бояд ёдовар шуд, ки ихтилофи салафия бо мазҳаби ҳанафию шиа – ин дар шакли нав эҳё гардидани баҳсу ихтилофи таърихии Арабу Аҷам аст. Баъзе муҳаққиқон се самти давом ёфтани ин баҳси таърихӣ: наҷодию таърихӣ, мазҳабӣ ва сиёсию геополитикиро дар мисоли баҳси «ирону араб» дар сатҳи нав мухтасар баён кардаанд.Мусаллам аст, ки ҳарчанд мардумони тоҷику форс дар оғози давраи исломӣ аз нигоҳи сиёсӣ аз араб мағлуб шуданд, вале дар майдони илму дин нисбат ба араб афзалияти хешро нигоҳ дошта, аз ҳамин роҳ натанҳо фарҳангу давлатдории миллиашонро аз нав эҳё карда, фарҳанги оламшумули миллии худро эҷод намуданд, ҳамчунин исломро дар давраи авҷи низоъҳои сиёсию мазҳабӣ аз харобшавӣ наҷот дода, дар ташаккули тамаддуни исломӣ саҳми арзанда гирифтанд. Имоми Аъзам мактаби аҳкоми фиқҳиеро дар пояи ақлгароӣ ва таҳаммулпазирӣ эҷод намуд, ки аз тариқи он ислом дар бисёр кишварҳо густариш ёфт ва он ғолибтарин мазҳаб дар ҷаҳони ислом ба ҳисоб меравад. Агар дар қатори мазҳаби ҳанафӣ, ки дар Хуросону Мовароуннаҳр хусусияти миллӣ касб кард, мазҳаби шиаи имомияро, ки дар Эрон ва баъзе кишварҳои дигар афзалият дорад, низ ҳамчун исломи миллишудаи Эрон ҳисоб кунем, дар маҷмўъ аз нигоҳи мазҳабӣ Аҷам аз араб афзалияти хеле зиёд касб кардааст. Бинобар ин, араб ҳанўз аз ибтидои давраи исломӣ ба аҷам, алалхусус тоҷику форс ҳасаду ихтилоф дошт. Чун мардумони турк асосан тавассути тоҷикон ба ислом пайвастанд, нуфузи мазҳаби ҳанафӣ дар ҷаҳони ислом боз ҳам вусъат ёфт. Аз ин рў, он ихтилофе, ки таърихан дар миёни арабу аҷам вуҷуд дошт то имрўз аз байн нарафтааст. Араб бошад аз сиёсати бартариҷўии худ аз Аҷам даст накашидааст ва он ҳоло дар сатҳу шакли нав зоҳир мегардад. Имрўз, ки араб дорои иқтидори азими иқтисодию молиявӣ аст, кўшиш дорад дар муқобили Аҷам афзалияти сиёсӣ-геополитикии таърихии худро низ аз нав эҳё созад, аммо барои ба ин мақсад расидан вай бояд аввал пояҳои мазҳабӣ-фарҳангии мардумони Аҷамро хароб созад, чуноне ки инро дар оғози давраи исломӣ, дар замони таъсиси Хилофат карда буд. Ин корро албатта аз тариқи тарғиби «исломи ноб», ки салафия худро дар ҳамин шакл эълом доштааст, пиёда сохтан ба мақсад мувофиқтар аст.Аз ин нигоҳ, салафия сифр як идеологияи арабгароиест дар зери қабои исломи ноб, ки бар муқобили мардумони Аҷам нигаронида шудааст ва он дар Тоҷикистон моҳиятан хусусияти зиддимиллӣ дорад. Беҳуда нест, ки салафия, натанҳо мазҳаби ҳанафияро ҳамчун падидаи хилофи исломи ноб ва бидъат дар ислом меҳисобад, инчунин он дигар рукнҳои фарҳанги миллӣ, бахусус ҷараёни тасаввуфу ирфонро, ки як шоҳсутуни фарҳанги классикии тоҷику форс мебошад, радду маҳкум менамояд. Масалан, муридӣ ва пайравӣ аз пирро як навъи ширк ба Худо дар ақидаю ибодат ҳисобида, ба ҳамин васила натанҳо пирони тариқат ва пешвоёни суфия, ба мисли Хоҷа Баҳоваддини Нақшбанд, Абдулқодири Гелонӣ, Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Мавлоно Яъқуби Чархӣ, ҳамчунин осори шуарои адабиёти классикии тоҷику форс Аттору Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Ҷомӣ, Бедил, Соиб, Иқбол ва дигар бузургонро низ бидъат ва хилофи ислом мешуморад. Ҳамин тариқ салафия андешаи динии мусулмононро дар доираи мафкураи қавмию нажодӣ (арабӣ) маҳдуд сохта ҳама гуна мафкураи дигарро қабул надорад ва гуногунрангии фарҳангию миллиро дар доираи мафкураи исломӣ инкор мекунад. Онҳо танҳо фаҳмиши исломро дар доираи тафаккури фарҳанги арабӣ ақидаи аҳли суннат меҳисобанд. Бинобарон салафия агар аз нигоҳи эътиқодӣ ва ҷаҳонбинӣ реша дар бунёдгародошта бошад, аз назари идеоглогӣ-сиёсӣ реша дар андешаи арабгароие дорад, ки дар замони Уммавиён ба муқобили аҷамиён ривоҷ ёфта буд.Худо накунаду агар ҷавонони мо ба ин арзишҳои миллӣ аз назари фаҳмиши салафӣ муносибат кунанд, пояҳои ҳуввият, худшиносӣ ва ифтихори миллии мо хароб мегардад. Бинобар ин, вуруди равияи салафия ба ҷомеаи тоҷик дар ибтидо таҳдиди мазҳабӣ-фарҳангиро ба миён оварда, минбаъд аз паи он метавонад таҳдиди сиёсиро низ ба бор орад. Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо ҷавонон, санаи 23 маи соли 2013, дар кишвар пайдо шудани равияҳои динии ғайрисуннатӣ, ҳизби сиёсии хусусияти динидошта ва ба онҳо шомилгардии ҷавононро яке аз мушкилиҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон ҳисобида, пешгирӣ кардан аз онро яке аз вазифаҳои муҳими мақомотҳои дахлдори давлатӣ, аҳли зиё ва ашхоси баору номуси миллат ва ниҳоят вазифаи ҳар шаҳрванд донистааст. ( Эмомалӣ Раҳмон. Ҷавонон захираи тиллоии миллату давлатанд. Рўзн. «Ҷумҳурият». №72-73. 25 маи 2013).Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки ин гурўҳ, яъне салафия бо аҳли ташайюъ мухолифат меварзанд ва ин метавонад ба муносибати неки кишвари мо бо кишвари ҳамсояву ҳамфарҳанг Эрон низ латма ворид созад. Гузашта аз ин, дар ҳоле ки як қисми аҳолии кишвар аз пайравони шохаи исмоилияи шиа мебошанд, чунин тарзи масъалагузории салафиҳо барои ояндаи кишварамон метавонад ба ягонагӣ ва суботи он халал ворид созад. Чунки салафия ба фирқаи исмоилия ва умуман мазҳаби шиа муносибати хеле тунду манфӣ дорад. Умуман, барои замони ҳозира, ки гуфтугўи байни дину фарҳангҳои гуногунро тақозо дорад ва ба он рўҳияи таҳаммулпазирии динӣ хос аст, тарзи масъалагузории салафиҳо хавфнок ва муғризона ба назар мерасад ва он на танҳо ба муколамаи дину мазҳабҳо мусоидат намекунад, ҳамчунин худ як заминаи асосии барангехтани ихтилофу низоъҳо байни мусулмонон аст. Пайдошавии гурўҳҳои гуногун дар муҳит ё фазои озоди динии кишвар амри табиӣ аст. Мо ҳаргиз намехоҳем, ки ҳуқуқҳои озодии инсон дар кишвари мо маҳдуд шуда бошанд, модоме ки Тоҷикистон худро давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд эълом медорад. Вале, ин принсипҳои демократия ва озодӣ бояд меъёрҳои муайяни худро дошта бошанд, ки вайрон шудани онҳо ба амнияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар халал ворид насозад. Ҳар кадом гурўҳ ё равияи нави диние, ки ин принсипҳоро вайрон месозад ва барои амнияти давлати миллӣ хатар эҷод менамояд, давлат сарфи назар аз чигунагии низоми сиёсӣ метавонад онро пахш кунад ва ин яке аз меъёрҳои давлатдории миллӣ мебошад.Мавҷудияти ҳаракат ва гурўҳҳои тундрав ва ифротгаро, махсусан дар заминаи динӣ (исломӣ) хатаре ҷиддӣ барои ҳар ҷомеа буда, ифрот ва тафрит дар кадом заминае, ки набошад ба манфиати кор набудааст ва нест.Мазҳаби суннатии мардуми тоҷик – мазҳаби ҳанафӣ аз ҳар гуна ифроту тафритҳо ва тундгароиҳо дур аст ва зуҳуру фаъолгардии гурўҳу ҳаракатҳои тундгаро гувоҳ аз бегона будани онҳо ба халқу миллати мо мебошанд. Бо пайдо намудани ҳавохоҳон ва тарафдорон ин гуна гурўҳу ҳаракатҳо пеш аз ҳама ба ваҳдати мазҳабии мардуми мо рахна ворид месозанд. Сониян, ин зуҳурот ба даст кашидан аз бисёре урфу одот ва маросиму анъанаҳои хоси миллати мо таҳдид хоҳад дошт ва ба ин тариқ таҳдид ба ҳуввияти миллии моро низ доро мебошад.Чун ин падида, яъне зуҳури ҳаракату гурўҳҳои тундгаро ва ифротии динӣ бо мусоидат, дастгирии маънавӣ ва моддии доираҳои муайяни манфиатдори хориҷӣ алоқамандӣ дорад, албатта барои оромии сиёсии кишвар низ хатароти ҷиддие дорад. Он як навъ фишанге аз ҷониби баъзе кишварҳои пурқудрати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ метавонад бошад.Имрўз, дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзўр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст. Бинобар ин, ягона роҳ барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурўҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ ва ҳамчунин донишҳои динӣ дар чаҳорчўбаи мазҳаби суннатии мо — ҳанафия мебошад. Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.Қамар Нурулҳақов,Веркани МузаффарпурБознашр аз рӯзномаи «Имрӯз News»

Июнь 21, 2013 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд