Санаи баргузории интихоботи президентӣ кай эълон мегардад?
Душанбе, 12 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). «Моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешавад, ки дар он тибқи Конститусияи кишвар санаи баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон эълон мегардад»,- гуфт зимни баргузории иҷлосияи ғайринавбатии палатаи болоии Парлумони мамлакат Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ. Ҳамзамон раиси палатаи болоии Парлумони мамлакат афзуд, ки рӯзҳои наздик дар Душанбе вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа, аҳзоби сиёсӣ, раисони вилояту шаҳру ноҳияҳо, зиёиён ва дигар қишрҳои пешқадами ҷомеаи Тоҷикистон барпо мегардад, ки дар он маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон матраҳ хоҳад гардид. Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе дар асоси Фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба муқовимат ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм матраҳ ва ҷонибдорӣ гаштанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






