Саноати сабук рушд меёбад

Июнь 26, 2013 11:42

Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар Тоҷикикистон баъди бунёди корхонаю коргоҳҳои нави хурди дӯзандагӣ суръати соҳаи саноати сабук вусъат меёбад. Танҳо аз оғози соли ҷорӣ дар кишвар 5 корхонаю коргоҳи нави хурди дӯзандагӣ бунёд шудааст. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, мавриди истифода қарор гирифтани корхонаю коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Назар ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, корхонаҳои саноати сабук аз оғози сол ба маблағи 93 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2012 баробари 28, 2 фоиз зиёд аст.

Июнь 26, 2013 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш