Ш.Шабдолов: «Тоҷикистон то ҳанӯз аз буҳрони энергетикӣ набаромадааст»
Душанбе, 14 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Тоҷикистон то ҳанӯз бо сабабҳои ба ҳама маълум аз бӯҳрони шадиди энергетикӣ набаромадааст, ин иллати асосии камчинии барқ ва захираю таъсироти дигари энергетикӣ дар иқтисоди кишвар аст», гуфт Шодӣ Шабдолов –вакили Маҷлиси намояндагон зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», ки аз сӯи вакилони палатаи поёнии Парлумон қабул гардид. Мавсуф зикр кард, ки мавриди истифода қарор додани иқтидорҳои нави энергетикӣ, яъне сохтмони нерӯгоҳҳои обию аловӣ ва ғайра проблемаи иқтисодию иҷтимоии кишвармонро ҳал карда наметавонанд. Ҳар қадар корхонаҳои нави энергетикӣ сохта шавад, бо чунин тарзи кор ва ғайри қобили қабули исрофкории энергия дар соҳаи комплекси сӯзишвории энергетикӣ, саноат, сохтмон, коммуникастия, биноҳои манзилию коммуналӣ, иморатҳои давлатию ҷамъиятӣ ва хонаҳои хусусӣ аз бӯҳрони энергетикӣ нахоҳем баромад. Аз сӯи дигар амнияти энергетикии кишварро таъмин карда наметавонем. Дар чунин ҳолат ҳаҷми мутлақи маҳсулоте, ки дар дохили кишвар истеҳсол мешавад, ҳеҷ гоҳ на дар бозори дохилӣ ва берунӣ рақобатпазир нахоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир ба ҳар 1000 $-и маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар, Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои пешрафтаи Ғарбу Шарқ чандин маротиба зиёдтар энергия масраф мекунад. Энергияи талафии маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвари мо чанд маротиба дар қиёс нисбати меъёрҳои миёнаи ҷаҳон зиёд аст. Дар чунин ҳолат кишвари мо дар ояндаи наздик ҳам асосан давлати содиркунандаи ашёи хом ва воридкунандаи маҳсулоти саноатию ғайрисаноатӣ аз кишварҳои хориҷӣ хоҳад монд, афзуд раиси Ҳизби коммунисти кишвар. Шодӣ Шабдолов таъкид кард, ки лоиҳаи қонуни мазкур роҳҳои ҳалли проблемаҳои наҷот ёфтан аз буҳрони энергетикӣ ва аз байн бурдани камчинии нерӯи барқ ва маводи сӯхтро ба танзим медарорад. Лоиҳаи нави қонун «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» нисбат ба қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаи энергия» мукаммалтар мебошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






