Шиносоии Э. Раҳмон бо рафти сохтмони нахустин кӯдакистони Президентӣ
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар»). -Субҳи имрӯз боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт.Тавре аён гардид, кӯчаю хиёбонҳои ин шаҳри бостонӣ ба истиқболи солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати Миллии Тоҷикистон ба таври идона ороста шуда, корҳои зиёди созандагию бунёдкорӣ анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла дар 5 моҳи соли равон 35 иншооти нав ба кор даромада, дар онҳо якуним ҳазор нафар соҳиби кори доимӣ гардидаанд. Тибқи нақша то охири сол шумораи иншооти нав ба 70 адад ва ҷойҳои нави корӣ бояд ба 3 ҳазор расонда шавад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо рафти сохтмон ва таҷҳизи нахустин кӯдакистони президентӣ, ки дорои навовариҳои зиёди замони муосир хоҳад буд, шинос шуд.Тавре иттилоъ доданд, сохтмони ин кӯдакистон дар шаҳри Хуҷанд охирҳои моҳи феврали соли 2013 оғоз ёфта, то 1 июн аз 16 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетии барои ин кор пешбинишуда 5,7 миллион сомонӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ харҷ шудааст.Дар бинои асосии кӯдакистон ҳавзи шиноварии кӯдакона, толори машқи мусиқӣ ва ҳуҷраи компютерӣ пешбинӣ шуда, биноҳои дигар низ аз шароити хуби замонавӣ бархӯрдор хоҳанд буд. Дар ҳудуди кӯдакистон 16 майдони бозию шавқмандсозии кӯдакон, як майдончаи варзишӣ ва як майдон барои омӯзиши бехатарии ҳаракат дар роҳ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷҷаҳаз хоҳанд шуд.Ин кӯдакистон, тибқи лоиҳа бо 5 бинои дуошёна барои 640 кӯдаки болаёқату соҳибистеъдод пешбинӣ шуда буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки биноҳо боистифода аз масолеҳи сабуки сохтмонӣ сеошёна карда шуда, шумораи кӯдакон ба 1000 нафар расонда шавад. Дастур дода шуд, ки сохтмони кӯдакистон то 1 уми ноябри соли 2013 ба поён расонда шавад.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дастур дод, ки дар болои бомҳои биноҳо панелҳои офтобӣ барои таъмини мустақил бо нерӯи барқ гузошта шаванд. Таъкид гардид, ки биноҳои кӯдакистон бояд дорои навтарин шабакаҳои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ва шароити беҳтарини гигиению санитарӣ бошанд.Ҳоло дар иншоти мазкур беш аз 300 нафар бинокорон бо кор ва маоши баланд таъмин гардида, корҳои сохтмону васлгариро бо суръат ва сифати хуб идома медиҳанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






