Шиносоии Э. Раҳмон бо вазъи корҳои кишоварзӣ дар Панҷакент
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар»). -Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Барги гул ташриф оварда, бо кори намунавии аҳли заҳмати он шинос шуд.Аз иттилои роҳбари хоҷагӣ Абдурраҳмон Суюнов маълум шуд, ки хоҷагӣ дорои 43 га замини корам, аз ҷумла 12 га обӣ ва 64 саҳмдор буда, асосан бо парвариши ғалладона ва картошкаю дигар сабзавот машғул аст. Аҳли заҳмати хоҷагӣ умед доранд аз замини картошкаи барвақтӣ 400 сентнерӣ ва гандум 60 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ карда, дар ҷойи он такроран дигар зироатҳоро кишт намоянд.Деҳқонони хоҷагӣ талош доранд, ки аз ҳар ваҷаб замин пурсамар истифода баранд, аз ҷумла тавассути васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бахши картошкапарварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид дошт, ки аз имкону захираҳои фаровон барои зиёд намудани майдонҳоии кишти ин зироат, афзун намудани ҳосилнокӣ ва истеҳсоли картошка бояд васеъ истифода карда шавад. Иттилоъ дода шуд, аҳли заҳмати шаҳри Паҷакент барои иҷрои супоришҳои Президенти кишвар кушиши зиёд ба харҷ додаанд ва умедворанд, ки имсол зиёда аз 100 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ менамоянд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






