Шиносоии Президент бо рафти навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар»). -Тавре зикр гардид, яке аз ҳадафҳои асосии ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент шиносоӣ бо рафти навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент аст.Дар километри 98-и роҳ, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чинор қарор дорад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои навсозии ин роҳ бевосита шинос шуд.Чунонки маълум шуд, корҳо барои омодасозии қабати поёнии роҳ оғоз ёфта, кандани рӯйпӯши кӯҳнаи роҳ, васеъ намудани бари он ва мутобиқ гардонидан ба нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ идома дорад.Дар марҳилаи кунунӣ ба ин кор 120 адад техникаю механизмҳои гуногун, аз ҷумла мошинҳои боркаш, мошинҳои обпошӣ, булдозеру экскаватор ва ғелак сафабар шуда, 30 адад техникаи нави дигар рӯзҳои наздик ба ин ҷо расонда мешавад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз суръати навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент изҳори норозигӣ карда, супориш дод, ки барои ислоҳи ин ҳолат кор якбора дар зиёда аз 10 қитъаи роҳ ташкил карда шавад. Таъкид гардид, ки то охири соли равон бояд 40% корҳо анҷом дода шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки 90% мутахассисону коргарон бояд шаҳрвандони Тоҷикистон, пеш аз ҳама аз аҳолии маҳаллӣ бошанд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки тамоми корҳо бо сифати баланд анҷом дода шаванд, то ки ин роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ гардида, солиёни дароз хизмат кунад.Хотиррасон гардид, ки дарозии ин роҳ 113 км буда, 10 км-и дохили шаҳри Панҷакент иборат аз 4 хатти ҳаракат ва боқимондаи роҳ аз 2 хатти ҳаракат иборат буда, паҳноии роҳи духата 7 м хоҳад буд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






