Сифати китобҳо беҳтар мегардад

Июнь 26, 2013 16:04

Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Кормандони Муассисаи нашриявии «Маориф ва фарҳанг»- и Вазорати маориф тасмим гирифтаанд, ки кӯдакистонҳо ва осоишгоҳҳои тобистонаи кӯдакону наврасонро бо китобҳои бадеии баландмазмун таъмин намоянд. Бо ин мақсад барои нашри 26 номгӯйи китобҳои бадеӣ бо теъдоди 2 ҳазор нусха иҷозати Вазорати маорифро гирифтанд. Муассисаи мазкур соли ҷорӣ аз осори гаронбаҳои адибони маъруф пораҳои зарурии зиёда аз 190 асарро таҳти унвони «Гулбоғи адаб» нашр хоҳад кард. Алҳол 10 осори пурарзиши бузургон дар шакли сиддӣ низ омода аст.

Июнь 26, 2013 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш