Сирки паканаҳои Маскав дар Душанбе

Июнь 17, 2013 13:43

Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Тавре ки аз Сирки давлатии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 21 июн сирки паканаҳои шаҳри Маскав бори аввал дар шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ мекунад. Гуруҳи сирки паканаҳои Маскав иборат аз 29 ҳунарпеша ва 75 ҳайвоноти ромшуда мебошад. Ҳунармандони сирки Маскав то 14 июл дар шаҳри Душанбе маҳорати худро намоиш медиҳанд.

Июнь 17, 2013 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш