Сомонаи Ҷунбиши ҷавонони Хуҷанд

Июнь 21, 2013 11:20

Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд маросими муаррифии сомонаи Ҷунбиши ҷавонон баргузор гардид.Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар сомонаи нав хабару иттилоот, ҳамчун барномаҳои давлатӣ ва санадҳои ҳуқуқии марбут ба сиёсати байни ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудаанд. Алҳол маводҳои сомона ба забони тоҷикӣ ҷойгир гардида, вале вақтҳои наздиктарин ҳавасмандон метавонанд бо маводҳои гуногун ба забонҳои русию англисӣ шинос шаванд.

Июнь 21, 2013 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш