«Созандагони Ватан» тарзи ҳаёти солимро таблиғ мекунад

Июнь 25, 2013 14:09

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дастгирии Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ аз 20-ум то 27-уми июн дар вилояти Суғд Ҳафтаи мубориза бар зидди нашъамандӣ эълон шуда, аъзои ташкилот байни ҷомеа, бахусус насли ҷавон тарзи ҳаёти солимро таблиғ менамоянд. Дар ин бора сомонаи расмии ҲХДТ иттилоъ додаст.Мақсад аз баргузор намудани ҳафтаи мубориза алайҳи нашъамандӣ, пеш аз ҳама кам намудани сафи гирифторони ин беморӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, таблиғи ғояҳои ҲХДТ, афзун намудани сафи ҳизб ва аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» мебошад.

Июнь 25, 2013 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш