Сухани табрикии Э.Раҳмон дар маросими тӯйи арӯсии 64 ҷуфт ҷавонон аз оилаҳои камбизоати шаҳри Душанбе
Сухани табрикии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тӯйи арӯсии 64 ҷуфт ҷавонон аз оилаҳои камбизоати шаҳри Душанбе, толори Душанбе — Плаза, 27 июни соли 2012
Фарзандони азиз!Ҳозирини арҷманд!Боиси хушҳолии мову шумост, ки ҳамарӯза шоҳиди амалҳои неке ба мисли дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва ободу зебо намудани гӯшаву канорҳои гуногуни диёрамон гардида истодаем.Ва бояд гуфт, ки ин фазилати таърихӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар шукӯҳу вусъати тоза гирифта, меҳру пайванди якдигариро дар байни аҳолии мамлакат ба вуҷуд овардааст.Имрӯз мову шумо дар маросими дастаҷаъмонаи хонадоршавии 64 ҷуфт ҷавонони хуштолеъ, ки маросими ақди никоҳи онҳо ба ҷашнгирии 16-умин солгарди Ваҳдати миллӣ рост омадааст, ширкат дорем.Аз фурсат истифода намуда, ҳамаи шумо навхонадорони хушиқболро ба чунин рӯзи муборак табрик гуфта, бароятон хонаи обод, рӯзгори осуда, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамаи хушиҳои ҳаётро орзу менамоям.Маросими тӯи арӯсии шумо, ба чунин рӯзи барои мардуми тоҷик муқаддас рост омадааст ва бигзор шумо низ дар зиндагӣ соҳиби оилаи аҳлу тифоқ ва фарзандони солеҳу баркамоле гардед, ки идомадиҳандаи кору пайкори созандаи падару модарони худ бошанд.Таърихномаи начандон тӯлонии миллати тоҷик шоҳиди он аст, ки шонздаҳ сол муқаддам фарзандони баору номуси миллат ба хотири нигоҳдории соҳибистиқлолӣ, ҳимояи давлати ҷавони миллӣ аз парокандашавӣ эмин доштани миллати тоҷик, инчунин таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар кинаҳоро аз дил дур карда, сари мизи мусолиҳа нишастанд ва санади муҳиму тақдирсоз, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расониданд.Баъди имзои ин ҳуҷҷат ва тантанаи ваҳдати миллӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима ёфта, сулҳу салоҳ дар саросари кишвари азизамон ҳукмфармо гардид.Маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдати комил ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувор гузошта шуда, кишвари азизи мо дар муддати начандон тӯлонӣ дар бахшҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.Ба Рӯзи ваҳдати миллӣ иттифоқ афтодани издивоҷи шумо худ фоли нек аст. Мо орзуи онро дорем, ки аҳду паймони оиладоршавиатон ба монанди сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамеша устувору пойдор боқӣ монад.Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки шумо бо ҳамдигар тифоқ бошед, масъалаҳои пешбурди рӯзгорро бо маслиҳати якдигар ва дар мувофиқа ҳал намоед, эҳтироми калонсолонро ба ҷо оварда, дуои хайру неки онҳоро барои баракати рӯзгор ҳамроҳ гиред.Мақому манзалати баробар доштани марду занро дар ҷомеа ва оила сармашқи зиндагии худ қарор дода, ба якдигар меҳрубону ғамхор бошед.Ҳозирини гиромӣ!Бо иқдоми бевоситаи давлату Ҳукумати мамлакат давоми солҳои охир барои дастгирии ятимону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманду оилаҳои камбизоат ҳамасола дар арафаи ҷашнҳои милливу давлатӣ иқдомоти хайрхоҳонаву инсондӯстона амалӣ карда мешаванд, ки чорабинии имрӯза низ идомаи ҳамин корҳои неку савоб мебошад.Тавре ки дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, давлат ва Ҳукумати кишвар ӯҳдадориҳои худро дар самти ҳифзи иҷтимоии ятимону шахсони аз саробон маҳрумгардида ва маъюбону камбизоатон ҳамеша иҷро менамояд.Барои татбиқи ҳадафи мазкур имсол дар буҷети давлат 170 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.Шумо, оилаҳои ҷавон ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳое, ки нисбат ба шумо зоҳир мегардад, бояд барои оромиву ободӣ ва сулҳу пешрафти Ватани азизамон бо дасту дилу нияти нек заҳмат кашед ва ҷиҳати таҳкими суботи ҷомеа тамоми нерӯву тавоноии худро сафарбар намуда, дар ҳама ҳолат манфиати давлати соҳибистиқлоли худро ҳифз намоед.Зеро сулҳу субот танҳо бо роҳи ваҳдати умум, якдиливу муттаҳидии ҳамаи афроди ҷомеа пойдору устувор гардида, нақшаву ҳадафҳои миллиамон марҳала ба марҳала роҳи ҳалли худро пайдо менамоянд.Дар зиндагӣ арзишҳои ваҳдати миллии тоҷиконро фаромӯш насозед. Зеро ваҳдат рукнҳои соҳибдавлатӣ, сулҳи абадӣ, эъҷози орзуву умеди халқ маҳсуб гардида, дар тӯли солҳои кӯдакӣ ва наврасии шумо ҳарчи бештар тавсеаву таҳким ёфта, имрӯз то ба мартабаи санаи тақдирсози миллат расидааст.Ҳамзамон бо ин, ба шумо — оилаҳои ҷавон, бахусус ба ҷавондухтарон бори дигар таъкид менамоям, ки сарфаву сариштакор бошед. Зимни баргузории тӯю маросимҳо ба исрофкориву зиёдаравӣ роҳ надиҳед ва кӯшиш кунед, ки маблағҳои аз ин ҳисоб сарфашударо барои таъмини рӯзгор ва тарбияву таҳсили сазовори фарзандонатон истифода намоед.Рисолат ва ӯҳдадориҳои волидайнро азхуд намуда, аз ҷавонӣ дар тарбияи фарзандони хеш муқаррароти Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро риоя намоед.Бори дигар ҳамаи шумо — ҷавонони некбахту озоди даврони истиқлоли Ватанро бо ин рӯзи хотирмони ҳаёти шахсӣ ва ҷашни шукӯҳманди Ваҳдати миллӣ сидқан табрик мегӯям.Орзу дорам, ки умри бобаракати худро якҷо паси сар намуда, ҳамеша тансиҳату хушбахт бошед ва хушҳоливу комёбӣ ҳамсафари ҳамешагии шумо бошад.Ба шумо роҳи сафед ва иқболи хонаводагӣ мехоҳам, фарзандони азиз!








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






