Таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бо маводи нашъаовар

Июнь 28, 2013 11:22

Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии мубориза бо сӯистеъмоли маводи нашъаовар ва гардиши ғайриқонунии он таҷлил гардид. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҳар сол дар ин рӯз бо ҷалби аҳолӣ ҷиҳати мубориза бо маводи нашъаовар иқдомоти гуногунро роҳандозӣ намуда, мизҳои мудаввар ташкил мекунад, ки мақсади асосии онҳо иборат аз мубориза бо сӯистеъмоли маводи нашъаовар мебошад. Хотирнишон месозем, ки соли 1987 Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид 26 июнро Рӯзи мубориза бо сӯистеъмоли маводи нашъаовар ва гардиши ғайриқонунии он эълон карда буд.

Июнь 28, 2013 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш