Ташаккули буҷаи давлатӣ барои соли 2014

Июнь 12, 2013 11:39

Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими омӯзиш дар мавзӯи «Ташаккули буҷаи давлатӣ барои соли 2014» оғоз ёфт. Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, омӯзиши мутахассисони мақомоти молиявии ноҳияҳо ва шаҳру вилоятҳо 20 июн анҷом меёбад. Мувофиқи суханони манбаъ, ин чорабинӣ дар ҳошияи таҳияи бахши даромаду хароҷоти буҷаи давлатӣ барои соли 2014 рӯи кор оварда мешавад. Омӯзиш дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи Бонки ҷаҳонии «Таҷдиди усулҳои истифодаи маблағҳои давлатӣ» сурат мегирад.

Июнь 12, 2013 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш