Ташкили коргоҳи нав дар Кӯлоб

Июнь 18, 2013 14:29

Кӯлоб, 18 июн. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Масъулини ҶДММ «Бунёди роҳ» тасмим гирифтаанд, ки фаъолияти коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ (сементблок) – ро низ ба роҳ монда, беш аз 50 нафар коргарони маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин кунанд. ҶДММ «Бунёди роҳ» имрӯз истеҳсоли сангреза (шебен), ки барои корҳои сохтмонӣ зарурият дорад ба роҳ мондааст. Бино ба иттилои роҳбари ин корхона Баҳодур Шарипов вобаста ба талабот корхона дар як шабонарӯз аз 200 то 500 куб масолеҳ истеҳсол мекунад. Дар ин корхона ҳоло беш аз 80 нафар коргарон фаъолият мекунанд.

Июнь 18, 2013 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш