Ташкили Маркази дастгирии муҳоҷирон дар фурудгоҳ

Июнь 24, 2013 11:07

Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар» Фарзонаи Давлат).- Бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон миёни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва Хазинаи рушди робитаҳои байналмилалии «Добрососедство» Аҳдномаи ҳамкорӣ оид ба ташкили Маркази дастгирии муҳоҷирон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» имзо шуд.Аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аҳдномаи мазкур дар асоси муқаррароти Аҳднома дар бораи ҳамкории байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Хазинаи «Добрососедство», ки моҳи марти соли равон ба имзо расида буд, ба тасвиб расидааст. Аҳдномаи мазкурро директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Рустам Холиқов ва директори генералии Хазинаи рушди робитаҳои байналмилалии «Добрососедство» Николай Алисов имзо гузоштанд.

Июнь 24, 2013 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш