Тасвиби созишномаи қарзии Тоҷикистону Чин
Душанбе, 19 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ваиклони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи «Барқарокунии зеристгоҳи барқии Регар-500 кВт»-ро дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чорум ба тасвиб расониданд. Сафаралӣ Наҷмиддинов –вазири молияи ҷумҳурӣ масъалаи мазкурро шарҳ дода гуфт, ки барои татбиқи ин лоиҳа 36,9 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла 35,1 миллион доллари -амрикоӣ қарзи имтиёзнок ва 1,8 миллион доллар ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби маблағҳои Ширкати «Барқи тоҷик» муайян гаштааст, масраф мешавад. Муҳлати қарзи мазкур 20 сол буда, давраи имтиёзнокии пардохтҳои қарзи асосӣ 9 сол, меъёри фоизҳо 2 %- и солона, пардохт барои нигоҳдории маблағ 0, 2 %-ро ташкил медиҳад. Вазири молия афзуд, ки қарзи мазкур бо талаботи стратегияи идораи қарзҳои давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, мутобиқ мебошад. Мавриди зикр аст, ки зеристгоҳи барқии Регар, ки 37 сол муқаддам сохта шудааст, алҳол дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ниёз ба таҷдиду азнавсозӣ дорад. Ин зеристгоҳ дар рушди системаи энергетикӣ ва ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар нақши муаасир мегузорад ва дар ғарби Тоҷикистон бо иқтидори 500 кВт ягона зеристгоҳ аст. Зеристгоҳи мазкур Ширкати «Талко», шаҳру деҳоти Турсунзода, қисман маҳаллаҳои ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Душанберо бо барқ таъмин менамояд. Ёдовар мешавем, ки Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи «Барқарокунии зеристгоҳи барқии Регар-500 кВт» моҳи майи соли равон дар шаҳри Пекин дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар имзо шудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






