Таваҷҷуҳ ба рушди ҳамкориҳои байнисоҳавӣ

Июнь 24, 2013 15:54

Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон» мансуб ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасмим гирифтаанд, ки 25 июни соли равон дар шаҳри Кӯлоб конфронси илмию амалӣ доир намоянд. Таре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, конфронс дар таҳти унвони «Рушди ҳамкориҳои байнисоҳавӣ-гарави пешгирии маъюбӣ» доир шуда, дар он иштироки 75 нафар кормандони вазорату идораҳои дахлдор, масъулони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар назар аст.

Июнь 24, 2013 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш