Таваҷҷуҳи JICA ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон

Июнь 26, 2013 10:19

Душанбе, 26 июн.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо роҳбари қаблӣ ва роҳбари навтаъйиншудаи Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Ҷиро Иида ва Казуя Суэта 25 июн дар шаҳри Душанбе доир гардид.  Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар иттилоъ доданд, Н. Зоҳидов барои саҳми ин Агентӣ дар рушди соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, шабакаҳои нақлиётӣ ва обтаъминкунии аҳолии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро баҳри таҳкими ҳамкорӣ бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар самтҳои мухталифи мутақобилан судманд таъкид намуд. Дар фарҷоми мулоқот Н. Зоҳидов аз Ҷ. Иида, ки адои вазифаи роҳбари JICA-ро то кунун бар зимма дошт, барои фаъолияти босамар ва саҳми назаррасаш сипосгузорӣ намуд ва инчунин ба роҳбари навтаъйиншудаи он таманниёти нек ва комёбиҳо дар адои вазифаи нав изҳор намуд.

Июнь 26, 2013 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад