«Тоҷиксодиротбонк» тренерҳои худӣ омода мекунад

Июнь 24, 2013 10:06

Душанбе, 24 июн. (АМИТ “Ховар”, Покиза Маҳмадбекова). — Машғулият оид ба тайёр кардани тренерҳои касбӣ, ки дар асоси ҳамкорӣ бо Фон¬ди хазинаҳои Шпаркассештифтунги Олмон ҷиҳати тақвияти кори Маркази таълимии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ҷараён дошт, ба анҷом расид.  Дар интиҳои машғулият 7 нафар ходими ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» аз санҷиш гузаш¬та, соҳиби сертификати тренерӣ шуданд. Ба ин муносибат ҳафтаи гузашта дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» маро¬сими тақдими сертификатҳо бо иштироки роҳбарияти бонк ва намояндагони Фонди хазинаҳои Шпаркассештифтунги Олмон баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки қаблан низ 6 нафар корманди бонк баъд аз гузаштани як давраи омўзишӣ соҳиби ҳамин гуна сертификат шуда буданд.

Июнь 24, 2013 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш