Тўйи суннатии 20 нафар дар «Чорбоғ»

Июнь 3, 2013 14:19

Душанбе 3 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Бо ибтикор ва ташаббуси Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МД «Маркази миллии тавонбахшӣ барои кўдакон ва наврасони «Чорбоғ»-и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон чорабинии бошукуҳ ва тўйи суннатии 20 нафар кўдак баргузор гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати мазкур хабар доданд, дар чорабинӣ намояндагони Вазорати меҳнат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва инчунин намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.Ба гуфти манбаъ чорабинии мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкили таъминоти ҳифзи иҷтимоии маъюбонро муайян менамояд ва ба онҳо имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаро фароҳам месозад.Дар хотима ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ хотири кўдаконро бо барномаи фароғатию фарҳангӣ шод гардонданд.

Июнь 3, 2013 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш