Уфуқи нави ҳамкориҳои Хадамоти муҳоҷират бо Иттиҳоди Аврупо

Июнь 11, 2013 10:34

Душанбе,11 июн. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон Сафиало Девонаев бо Гурӯҳи коршиносон оид ба татбиқи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо самтҳои фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, касбомузӣ ва забономӯзии муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ намуд.Аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷрат иттилоъ доданд, ки мулоқот, 10-уми июн баргузор шуд, дар ҷараёни он мусоҳибон муҳоҷирати меҳнатиро ба яке аз проблемаҳои глобалӣ ва ҷаҳонӣ арзёби карданд. Зикр гардид, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ба як зуҳуроти иҷтимоии бузург мубаддал гаштааст, ки аз он кафолати ҳифзи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва амнияти кишварҳо вобастагии зич дорад.Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки баҳри густариши ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо чораҳои судбахш меандешанд.

Июнь 11, 2013 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш