Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон

Июнь 10, 2013 10:41

Душанбе,10 июн. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27-уми июн дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегардад, як қатор чорбиниҳои фарҳангиву варзишӣ доир мекунад.Тавре аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар робита ба ин машварату семинар, мизҳои мудаввар дар муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои низомӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар ҳаёти ҷавонони даврони истиқлолият”, озмунҳои интелектуалӣ, озмуни гӯшаи беҳтарин миёни қисмҳои низомӣ дар мавзӯи “Ваҳдат -бақои миллат”, озмуни мақолаи беҳтарин таҳти унвони “Ваҳдат-кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқ” миёни наврасону ҷавонон гузаронида мешавад.Ҳамчунин дар назар аст мусобиқа оид ба тенниси рӯи миз, волейбол, намудҳои сеҳарба, гӯштини юнону румӣ ва болдибилдинг гузаронида шавад.

Июнь 10, 2013 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш