Вохӯрии директори АНМН дар доираи IDEC
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар»).- Дар доираи Конференсияи XXX байналмилалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор (IDEC-XXX), ки 5 июни соли 2013 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ба кори худ оғоз кард, вохӯрии директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо Директори Департаменти мубориза бо мухаддироти ИМА (ДЕА) хонум Мишел Леонхарт баргузор гардид.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти АНМН хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои инкишофи дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима намуда, инчунин оид ба вазъи вобаста ба мухаддирот дар минтақа табодули назар карданд.Хонум Леонхарт ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҶТ баҳои баланд дода, иброз намуд, ки минбаъд ҳам ДЕА ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор кӯмакҳои амиқ мерасонад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






