Вохӯрии рафиқонаи клубҳои мунтахаби Тоҷикистон ва ҷавонон

Июнь 19, 2013 11:41

Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз, 19 июн, дар варзишгоҳи «Пахтакор» — и шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрии рафиқонаи байни клубҳои мунтахаби Тоҷикистон ва ҷавонони ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Роҳбарии клубҳои мунтахаби Тоҷикистонро мураббиён Тоҳир Муъминов ва Рустам Хоҷаев ба уҳда доранд. Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол Салоҳиддин Ғафуров ба ин вохӯрии рафиқона 20 нафар бозингаронро даъват намудааст.

Июнь 19, 2013 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш